Зимни вохӯрии раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода бо Мавлонҷон Абдураззоқов, раиси Ҷамъияти тоҷикони Уч-Қӯрғон, муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ, барои хонандагони синфҳои 8-11-и мактабҳои тоҷикзабони деҳоти Уч-Қӯрғони ноҳияи Қадамҷой 200 нусха китобҳои забону адабиёти тоҷик тақдим шуд.

Дар вохӯрии рӯзи 22 сентябр дар Исфара ҷонибҳо дар баробари масоили рушди муносибатҳои ҳамҷаворӣ, ҳамкориҳоро дар бахши илму фарҳанг ва ҳамчунин масъалаи эҳтиёҷоти мактабҳои тоҷикзабони Қирғизистонро баррасӣ намуданд.


Мавлонҷон Абдураззоқов қайд кард, ки айни замон дар деҳоти Уч-Қӯрғон 8 мактаби тоҷикзабон фаъолият дошта, ин мактабҳо аз камбуди китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ мушкилӣ доранд.

Дар навбати худ Сиҷоуддин Саломзода изҳор намуд, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дархости ӯро бобати мусоидат ба масъалаи ҷудо кардани китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ барои мактабҳои тоҷикзабони кишвар ҳамсоя дастгирӣ кард.

 “Ин иқдом аввалин буда, минбаъд ба чунин ташаббусҳо идома медиҳем”, - гуфт ӯ.

Мавлонҷон Абдураззоқов зикр кард, ки ин китобҳоро ба толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии ба номи Садриддин Айнӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва “Дӯстӣ” мерасонад.


Қобили зикр аст, ки деҳоти Уч-Қӯрғон бузургтарин маҳаллаи аҳолинишини ноҳияи Қадамҷойи вилояти Ботканди Ӯзбекистон ба шумор меравад. Дар деҳот аксаран тоҷикон (65%), ӯзбекҳо (25%) ва қирғизҳо (наздики 10%) зиндагӣ мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.