Билетҳои хеле гарони ҳавопаймоӣ тоҷикистониёнро натанҳо ба истифода аз ширкатҳои ҳавопаймоии Бишкеку Тошканд, балки бо нақлиёти заминӣ ҳам ба сафар баромадан маҷбур месозанд.

Ҳарчанд ин роҳи хеле тӯлониву вақти хеле зиёдро мегирад ва мусофирон дар роҳ ба мушкилиҳо дучор гарданд ҳам, лекин арзон аст.

Аз Душанбе сокинон ба таври муташакилона ба Русия ва Қазоқистон метавонанд аз автовокзал (ду маротиба дар як ҳафта) ба сафар бароянд. Назди хазинаҳои фурӯши билетҳои самти байнулмилилӣ одамон нисбатан зиёдтаранд, ки асосан муҳоҷирони корӣ мебошанд.

- Аз Душанбе ба Русия ва Қазоқистон мусофирон метавонанд бо ду самт – тариқи Турсунзода ва Хуҷанд ба сафар бароянд. Арзиши билетҳо ба шаҳрҳои Русия тариқи Турсунзода аз 900 то 1100 сомониро ташкил медиҳад. Масалан, то Оренбург ва Самара – 900 сомонӣ, Маскав – 1100 сомонӣ, Қазон ва Астрахан – 1000 сомонӣ. Ба шаҳрҳои Қазоқистон метавон тавассути Хуҷанд ба сафар баромад. Нархи билет то Алмаато – 680 сомонӣ ва то Остона – 700 сомонӣ мебошад, - мегӯяд яке аз фурӯшандагони билетҳо.

Роҳи дигари заминӣ қатора мебошад. Ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва шанбе қатораи Душанбе –Маскав ва як маротиба қатораи Кӯлоб – Маскав ба сафар баромада, нархи вагони платскартӣ аз Душанбе – 1450 сомонӣ ва аз Кӯлоб – 1380 сомониро ташкил медиҳад.

Аз Тоҷикистон ба Русия ҳамчунин метавон тариқи Қирғизистон низ сафар кард, то шаҳри Бишкек бо микроавтобусҳои “Спринтер” ва аз Бишкек то Русия бо автобусҳои “Мерседес”. Аз шаҳри Бохтар низ (рӯзи душанбе) тариқи Ӯзбекистон (гузаргоҳи “Дӯстӣ”, ш. Турсунзода) автобус ба Русия раҳсипор мешавад, ки вақти сафар – 4 шабонарӯз буда, нархи роҳкиро – 5,5 – 6 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад.

Аксари муҳоҷирон аз шаҳри Турсунзода сарҳадро гузашта, ба шаҳрҳои Бишкеку Тошканд ва Самарқанд мераванд. Дар он ҷо ба автобусҳои онҳо нишаста ба Русия мераванд, ки хеле арзонтар меафтад.

Ғайр аз ин, муҳоҷирон бо мошинҳи сабукрав ва маршруткаҳо низ ба Русия сафар мекунанд. Ронандагон бо эълон аз ноҳияҳои гуногуни вилояти Хатлон мусофиронро ҷамъ карда, ба сафар мебароянд ва нисбат ба автобусҳо як шабонарӯз тезтар ба нуқтаи таъиншудаи Русия мерасанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.