Зодаи Тоҷикистон Наврӯз Аҳмедов дар шоу-барномаи «Голос 60+» романси «Не лукавьте» (Айёрӣ накунед)-ро ба иҷро расонида, марҳилаи шунидани пӯшидаи барномаро хотима бахшид.

Сурудхонии ӯ ҳунарманди маъруфи Россия Лев Лешенкоро ба ваҷд оварда, ӯ тугмачаро пахш ва Наврӯз Аҳмедовро ҷиҳати иштироки минбаъда ба дастаи худ гирифт.

Наврӯз Аҳмедови 60-сола чанд сол пеш ба Маскав омада, айни замон дар телевизион ба сифати коргардон кор мекунад. Дар мусоҳиба ба Шабакаи аввали телевзиони Россия ӯ изҳор кард, ки модару бибияш тамоми умр хуб суруд мехонданд.

“Дар кӯдакӣ расм мекашидаму суруд мехондам, дигар комёбии назаррасе надоштам. Тасмим гирифтам, ки рассом мешавам. Сипас ба Донишкадаи давлатии санъати театрӣ (ГИТИС) дохил шуда, айни замон дар телевизион ба ҳайси коргардон фаъолият дорам. Аз ҳама чизи муҳим барои ман оила буда, танхо саҳна намерасид. Ҳамеша назди худ ҳадаф гузошта, талош мекунам, ки ба фатҳи он расам”, - иброз доштааст ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.