Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии КВД «Обу корези Душанбе» интиқоли оби нӯшокӣ сокинони шаҳр бонавбат муддати 1 шабонарӯз қатъ мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, тибқи қарори мазкур дар робита ба баргузории корҳои таъмир дар шабакаҳои обтаъминкунии пойтахт, аз соати 23-00 рӯзи 3 октябри соли 2018 то соати 24-00 рӯзи 4 октябри  соли 2018 интиқоли об ба маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарон -  ноҳияи Сино;

- хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон - ноҳияи Исмоили Сомонӣ қатъ мегардад.

Гуфта мешавад, аз соати 23-00 рӯзи 10 октябри соли 2018 то соати 24-00 рӯзи 11 октябри  соли 2018 интиқоли об ба маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик ва Абдуллоев Наҷмиддин - ноҳияи Фирдавсӣ;

- кӯчаҳои Назаршоев, Қаротеғин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, Фучик, Карин Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯб - ноҳияи Шоҳмансур; 

- маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ - ноҳияи Исмоили Сомонӣ қатъ мегардад.

Зикр мегардад, ки  аз соати 23-00 рӯзи 17 октябри соли 2018 то соати 24-00 рӯзи  18 октябри  соли 2018 интиқоли об маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77 - ноҳияи Шоҳмансур;

- маҳаллаҳои  10-15, 15А, 31, 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам - ноҳияи Сино;

- кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе - ноҳияи Фирдавсӣ боздошта мешавад.

Ба иттилои манбаъ, аз соати 23:00 рӯзи 31 октябри соли 2018 то  соати  24:00 рӯзи 1 ноябри  соли 2018 интиқоли об ба маҳаллаҳои 43, 64, 65, кӯчаҳои Борбад ва Фирдавсӣ - ноҳияи Фирдавсӣ:

- маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, 32, 33, 52, 53, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев ва  Ханжин - ноҳияи Сино  қатъ мегардад.

Дар робита ба ин, мақомоти шаҳрдории Душанбе аз сокинони кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт дархост мекунад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки ба раисони ноҳияҳои пойтахт ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дастур дода шудааст, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр вазифадор карда шудааст, ки ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.