АНОНС

- Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар шаҳри Боку мусобиқа дар вазни то 100 кило доир мегардад. Тоҷикистонро Саидҷалол Саидов намояндагӣ мекунад;

- Дар Батуми даври дуюми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот баргузор мешавад. Дар ин олимпиада дастаи Тоҷикистон (занон ва мардон) иштирок дорад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.4060 сомонӣ;

1 евро – 11.1075 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1422 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2008 — СММ ҷиҳати ба Тоҷикистон ҷудо кардани 34,7 млн. доллар кумаки таъҷилии ғизойӣ ба кишварҳои мададрасон муроҷиат намуд.

1951 – Зодрӯзи нависанда Неъматулло Худойбахш.

1952 – Мавлуди мутахассиси бахши урология Абдурасул Ғафуров.

1952 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ Абдусамад Дӯстов.

1956 – Мавлуди олим Давлаталӣ Холов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +17+22.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +5+10, рӯзона +24+29; дар шарқ шабона 0-5, рӯзона +8+13.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +24+29.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +30+32.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +25+27.