Сокинони Тоҷикистон то охири мохи октябр бемалол метавонанд аз обуҳавои софу беғубор ва офтобӣ баҳра баранд.

Тавре аз Агентии обуҳвошиносӣ дар ин робита хабар доданд, чунин вазъи обуҳаво то охири моҳ боқӣ монда, баъзан тағйирёбии он дар назар аст, лекин ҳарорат мусоид ва то ба 24 дараҷа гармӣ мерасад.

Бино ба иттилои манбаъ, барфи аввал дар шаҳру навоҳии тобеи марказ ва минтақаи ҷануби кишвар моҳи декабр пешбинӣ мешавад, лекин ин пешгӯии дақиқ нест.

“Охири моҳи октябр мо ба Маскав меравем ва сипас пешгӯӣ бештар дақиқтар хоҳад шуд. Пешгӯиҳои дарозмуҳлатро мо бо ҳамтоёни маскавии худ омода месозем”, - шарҳ дод ба “Азия-Плюс” сардори Маркази пешгӯии гидрометеорологии Агентии гидрометеорологии Тоҷикистон Ҷамила Убайдуллоева.

Обуҳавошинсон хабар медиҳанд, ки шурӯъ аз имрӯз ҳарорати ҳаво ба болоравӣ оғоз намуда, то 24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ду рӯзи оянда ҳавои абрноки бебориш дар назар буда, шабона 1-3  ва рӯзона 16-18  дараҷа гарм мешавад.

Asia-Plus

 Рӯзҳои истироҳат обуҳавошиносон дар вилояти Суғд обуҳавои беборишро пешгӯӣ намуда, ҳарорат шабона 3-8 дараҷа ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон муддати ду рӯзи наздик обуҳавои бебориш пешбинӣ гардида, ҳарорат дар водиҳо шабона 5-19 ва рӯзона 22-23 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ аксаран обуҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.