Манораи Варз дар маркази ноҳияи Айнӣ дар паҳлӯи роҳи асосии мошингузари шаҳрак ҷойгир аст. Ба туфайли ин манора аҳолии худи ноҳия шаҳракро Варзи Манор ҳам ном мебаранд.

Оё Шумо медонед, ки ин мероси таърихии асри XI таърихи аҷибе дорад. Ин аввалин манораи назди масҷид аст, ки дар водии Зарафшон сохта шудааст. Баъди он боз 6 чунин иншоот сохта шуда, лекин то имрӯз на ҳамаашон боқӣ мондаанд.

Аз ҳама аҷибтараш он аст, ки нахустин манора дар водии Зарафшон бо дастури ҳокими Ҳиндустон аз сулолаи Халҷӣ бунёд шудааст. Дар навори видео маҳз бо кадом сабаб аз ҷониби ин ҳоким сохта шудани манора ва дигар маълумот дар бораи он воқиф мегардед.

Мавод бо дастгирии Фонди Кристенсен омода шуд.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ - Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед!

Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!

Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Бо маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо ворид шудан ба суроғаи зерин шинос шуда метавонед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.