Овозхони ӯзбек Фирӯза Ҷумъаниёзова як клип таҳия намуд, ки дар он таронаҳоро бо забони тоҷикӣ иҷро мекунад.

Овозхон дар партави Қасри Арк дар Бухоро се суруди машҳур дар Тоҷикистон – Сири дил”, “Чашми дилбар” (онро сарояндагони тоҷик Муқаддас Набиева ва Тоҷиддин Муҳиддинов иҷро мекарданд) ва ҳамчунин таронаи “Дидан мазза дорад”-ро бо усули сарояндагии хоразмӣ ба иҷро мерасонад.

Сарояндаи ӯзбекистонӣ Фирӯза Ҷумъаниёзова дар Осиёи Миёна маъруфият касб кардааст. Ӯ таронаҳоро бо забонҳои ӯзбекиву тоҷикӣ, озарбойҷонӣ ва қазоқиву афғонӣ месарояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.