Имрӯз дар Душанбе ярмаркаҳои дурӯзаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба кор шурӯъ намуданд. Дар ин бора қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ “бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори маҳсулоти хӯроквории ниёзи аввалияи мардум” ба имзо расид.

Маъмулан чунин ярмаркаҳои фурӯш дар рӯзҳои идҳои миллӣ ё дар остонаи ҷашнҳои Иди Рамазон ва Қурбон гузаронида мешаванд.

Имрӯз дар Тоҷикистон маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун ҷашн гирифта мешавад. Давоми ду рӯз (16-17 ноябр) ба ин муносибат дар саросари кишвар чорабиниҳои ҷашнӣ барпо шуда, пагоҳ дар пойтахт бо мушакпарронии панҷдақиқаина ба итмом мерасад.

Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар чор ноҳияи пойтахт ҷараён доранд. Мо аз ярмаркаи назди Театри опера ва балет боздид намудем. Нархҳо дар ин ҷо нисбат ба бозор 10-15% пасттаранд. Худатон қазоват кунед.

1/10

Ҳамин тариқ, маҳсулоти деҳқонони Хатлон ва навоҳии тобеи марказ дар бозори “Саховат” ва ҳосили кишоварзони Суғду Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринав дар бозори “Меҳргон” ба фурӯш гузошта мешаванд.

Дар майдони собиқ бозори Қарияи Боло метавон аз маҳсулоти кишоварзони Файзобод, Лахш ва Ваҳдат харидорӣ намуда, дар бозори “Ховарон” ярмаркаи фурӯши маҳсулоти деҳқонони Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Нуробод доир мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.