Владимир Осипов, ки замоне дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун беш аз 10 сол кор кардааст, аз матбуот дар бораи ба кор даромадани нерӯгоҳ хабар ёфта, ба маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани пгрегати аввали он омад.

Владимир Осипов мегӯяд, аз сомонаи “Азия-Плюс” дар ин бора маълумот гирифта, аз вилояти Ростов ба Душанбе омад, то ки бо чашмони худ ин рӯйдоди таърихиро бубинад.

“Ман зодаи Тоҷикистонаму дар ҳамин ҷо ба воя расидаам. Замоне беш аз 10 сол дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун кор кардаам. Аз ҳамин ҷо ба нафақа баромадам. Аз ин рӯ, тасмим гирифам, ки ба ин ҷашн меоям. Ин ҷо ҳама чиз бароям шинос аст. Имрӯз ду ид дорам – ба истифода додани агрегати аввал ва дарёфти дидори собиқ ҳамкорон аз “Гидроспетстрой”, ки солҳои тӯлонӣ надида будамашон”, - ҳикоят мекунад ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.