Соҳибҷон Ҳасанов, оҳангсози ҷавони тоҷик, ки 22 сол дорад, чанде пештар дар озмуни байналмилалии “Зебоӣ ва ҳамоҳангӣ дар эҷод” дар бахши “Оҳангсози ҷавон” ғолиб гардид. Ин озмун маротибаи панҷум дар шаҳри Сочии Россия баргузор шуд ва Соҳибҷон Ҳасанов байни 18 нафар даъвогар, мақоми аввалро гирифт. Ҳоло ӯ дар курси сеюми Донишкадаи давлатии санъати Краснодар таҳсил дорад ва розӣ шуд, ки ба чанд саволи “Азия-Плюс” посух диҳад.

- Соҳибҷон, пеш аз ҳама ғолибият муборак бошад. Мегуфтед, ки чӣ тавр дар ин озмун иштирок кардед ва кадом оҳангро иҷро намудед?

- Ташаккур барои табрикот. Озмуни “Зебоӣ ва ҳамоҳангӣ дар эҷод” (Красота и гармония в творчестве) бори панҷум доир гардид. Дар ин озмун ҳунармандони зиёд аз давлатҳои Украина, Абхазистон, Тоҷикистон ва шаҳрҳои гуногуни Россия иштирок доштанд. Дар бахше, ки ман иштирок доштам, яъне “Оҳангсози ҷавон” 18 нафар даъвогар буданд. Ду моҳ омодагӣ дидам. Оҳанг менавиштам, бо устодам Владимир Чернявский, ки яке аз оҳангсозони шинохтаи Россия аст, маслиҳат мекардам. Баъзан ҳамаро хат зада аз нав эҷод мекардам. Дар охир оҳанги “Роҳ сӯйи Душанбе” (Дорога в Душанбе)-ро барои оркестри калони симфонӣ ва экспромт (оҳанге, ки бе омодагии пешакӣ навохта мешавад) дар фортепиано ва скрипка иҷро намудам ва ғолиб гардидам.

Соҳибҷон Ҳасанов бо устодаш Владимир Чернявский
Asia-Plus

- Аслан чӣ гуна ба санъат роҳ ёфтед ва аввалин асбоби мусиқие, ки ба даст гирифтед кадом буд?

- Аз хурдӣ ба мусиқӣ шавқ доштам. Вақте ба синфи якум рафтам, ба мактаб-интернати махсуси санъати ба номи Миратулло Атоев дохил шудам. Аз он замон ба таври ҷиддӣ ба омӯхтани оҳангсозӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудам. Оҳангҳои Петр Чайковский, Зиёдулло Шаҳидӣ, Аҳмад Бобоқуловро зиёд гӯш карда, аз онҳо илҳом мегирифтам ва орзу менамудам, ки мисли онҳо оҳангсози машҳур шавам.

Аввалин асбоби мусиқие, ки падарам бароям тӯҳфа намуд фортепиано буд. Он замон ин барои ман аз ҳар туҳфаи дигар арзишмандтар буд. Баъзан назди он соатҳо меистодам ва орзу мекардам, ки ҳарчи зудтар навохтани онро омӯзам.

- Оё ҳар нафаре, ки ҳохиш дорад ва талош мекунад, оҳангсоз шуда метавонад?

- Оҳангсозиро санъати худодод ҳам мегӯянд. Ҳар кас наметавонад оҳангсози хуб шавад. Оҳангсозӣ ғайр аз он, ки истеъдоди худодод аст, ҳамчунин заҳмати зиёдро талаб мекунад. Барои он, ки як оҳанг эҷод гардад, оҳангсоз чандин шабу рӯз заҳмат мекашад, андеша мекунад, ба хаёл фурӯ меравад. Баъзан мешавад, ки моҳҳои дароз як оҳангро эҷод мекунӣ, аммо дар як лаҳза ҳамаашро хат мезанӣ. Ба қавле, истеъдоди Худо додаро бояд бо омӯзишу тамрин сайқал дод. Он вақт оҳангсози хуб шудан мумкин аст.

- Агар таваҷҷуҳ карда бошед, ҳамсолони Шумо бештар ба рэпсароӣ таваҷҷуҳ доранд. Дар бораи ин жанри мусиқӣ чӣ фикр доред?

- Ростӣ, ҳеҷ гоҳ ба рэп таваҷҷуҳ надоштам ва ҳоло ҳам гӯш намекунам. Албатта мебинам, ки бисёре аз ҳамсолони ман ба ин навъи санъат таваҷҷуҳ доранд, аммо ба фикри ман, ин як давраи гузаранда аст. Ҷавоне, ки имрӯз рэпсароӣ мекунад, як умр рэпсаро буда наметавонад. Аммо оҳангсози хуб, ҳеч гоҳ аз оҳангсозӣ дил канда наметавонад. Ба қавле, мусиқӣ абадӣ аст, рэп умри кӯтоҳ дорад.

- Имрӯз дар Тоҷикистон барои оҳангсози хуб шудан шароити мусоид фароҳам аст?

- Дар ҳар гӯшаи дунё оҳангсози хуб шудан мумкин аст. Тавре гуфтам, агар истеъдоду маҳорат ва омӯзиши пайваста бошад, дар Африқо ҳам оҳангсоз мешавед. Албатта шароит таъсири худро мерасонад, лекин он омили аслии таъсиррасон нест.

Тоҷикистон мактаби хуби оҳангсозӣ дорад. Дар гузашта ҳам ин мактаб вуҷуд дошт. Зиёдулло Шаҳидӣ, Аҳмад Бобоқулов, Толиб Шаҳидӣ, Қудратулло Ҳикматов ва чандин нафар оҳангсозони дигар маҳз аз Тоҷикистон баромаданд ва машҳур шуданд.

Имрӯз дар Тоҷикистон мактабҳои тахассусии мусиқӣ зиёданд. Дар онҳо нафарони зиёд таҳсил мекунанд. Ҳамаи онҳо муваффақ нашаванд ҳам, аз байни онҳо чанд нафарашон дақиқ оҳангсозу сарояндаи хуб мешаванд. Ман ба ин бовар дорам.

- Пас аз хатми донишгоҳ чӣ нақша доред?

- Нақша дорам, ки ба Тоҷикистон баргашта, ба оҳангсозӣ машғул шавам. Мехоҳам барои сарояндаҳои шинохтаи тоҷик оҳанг эҷод намоям.

Орзу дорам, ки ҳадди ақал боре ҳам бошад, ба Италия сафар кунам ва дар ягон саҳнаи ин давлат оҳанги эҷодкардаамро иҷро намоям.