Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода ва Ҳокимҷон Холиқзода муҳоҷирони кории тоҷикро бо рӯйдод ва навгониҳои рухдода дар ватан ва бандҳои асосии паёми президент Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон шинос карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, вакилон бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Русия  ва намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон  дар Маскав оид ба муҳоҷират, дар маркази савдои “Южние ворота”-и шаҳри Москва бо иштироки фаъолони ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва доираи васеи соҳибкорону кормандони як қатор  марказҳои тиҷоратии шаҳр ва вилояти Москва бо муҳоҷирон дидору гуфтушунид карданд.

Дар мулоқот яке аз мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон ин пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизму терроризм буд. Ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мубориза ба терроризму экстремизм дахл намуда, вакили Маҷлиси намояндагон Бахтовар Сафарзода афзуд, ки имрӯз Тоҷикистон мавқеъ ва эътибори худро дар арсаи ҷаҳонӣ бобати ташаббусҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зиддӣ терроризму экстремизм дорост ва ҳеҷ гуруҳи иртиҷоӣ ва игвоангез наметавонад, дар сурати якҷо будани мо ба оромиву осоиштагии ватани азизамон халал ворид намоянд.

Вакилон изҳор намуданд, ки миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус муҳоҷирони ҷавон пайваста ташвиқу тарғиб роҳандозӣ шудааст, ки дар баробари омузиши динӣ аз касбу кору ихтисосҳои муосир бархурдор бошанд.

“Барои таълими илми динӣ ба хориҷа рафтан зарурат надорад ва аз ин худдорӣ намоянд. Зеро имруз дар хориҷа ҳизбу ҳаракатҳои гуногуне фаъолият доранд, ки ҳадафҳои аслии дини мубини Ислом як су монда, мақсадҳои гаразноки худро тавассути ҷавонони ноогоҳ роҳандозӣ мекунанд”, - иброз доштанд онҳо.

Гуфта мешавад, дар идома илова шуд, ки  аз пайравӣ ба чунин ҳизбу равияҳои иртиҷой худдорӣ ва эҳтиёт бояд кард ва пурзӯр намудани корҳои таблиғотиро дар самти пешгирии ҳолатҳои шомилшавии муҳоҷирон ба сафи гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ миёни муҳоҷирон вазифаи муҳими ҳар як фард арзёбӣ намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷоми мулоқот вакилон аввалин намунаҳои маводи нашрии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамватанон тақдим намуданд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.