Дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд беш аз 11 тарма фаромадааст. Роҳро аз тарма тоза карда, ба ҷуз автомашинаҳои боркаш, барои ҳаракати дигар навъи нақлиёт роҳ боз аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон.

“Аз соати 6:40-и субҳ то ин дам аз километри 152 то 160-ум беш аз 11 тарма фаромад. Роҳро аллакай тоза карданд, лекин тармафароӣ идома дорад. Дар роҳ техникаи истифода дар роҳҳо – булдозеру экскаватор ва се адад мошини боркунанда машғули рафъи оқибатҳои офати табиӣ мебошанд”, - хабар дод котиби матбуотии ширкат Далер Мерганов.

Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон ҳаракати автомашинаҳои боркаш дар роҳи Душанбе - Хуҷанд муваққатан манъ аст.

1/4

“Бар асоси фармоиши муштараки ВКД ва Вазорати нақлиёт бо мақсади таъмини ҳаракати дигар навъи воситаҳои нақлиёт, ҳаракати мошинҳои боркаш бо ядак (притсеп) ва фураҳо муваққатан маҳдуд шуд”, - иброз дошт номбурда.

Дар дафтари матбуоти ширкат ҳамчунин зикр карданд, ки сарфи назар аз боришоти беисти шадид, кормандони ширкат шабонарӯзӣ фаъолият доранд, то ки роҳ тоза шуда, ҳаракати мунтазами нақлиёт таъмин гардад.

“Ҳаракати автомашинаҳои боркаш муддати 3-4 соат боздошта шуд. Бо коҳиши шиддати барфрезӣ, ҳаракати нақлиёти боркаш барқарор мешавад”, - афзуд Далер Мерганов.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.