Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) мегӯяд, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон соли 2018 бисёр бад шудааст ва ба ҳадде, ки мақомот тоби дидани нармтарин интиқодро ҳам надоштаанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар гузориши Human Rights Watch дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2018, ки рӯзи 17-уми январ нашр шуд, омадааст, ки “вазъи фавқуллода бади ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2018 бадтар шуд. “

Дидбони ҳуқуқи башар, ки дар Ню Йорк қароргоҳ дорад, мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон мунтақидони ҳукумат, аз ҷумла фаъолони мухолифин, хабарнигорон, хешовандони дигарандешон дар хориҷро бо иттиҳомоти дорои ангезаҳои сиёсӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард.

Дар баёнияи созмон дар бораи кишварҳои Осиёи Марказӣ омадааст, “Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бадтар шуд, чун мақомот маҳдудият дар озодии баён ва гирдиҳамоӣ, фаъолияти сулҳомези мухолифон, вакилони дифоъ ва ҳуқуқи мазҳабиро зиёдтар карданд. Бештар аз 150 фаъоли сиёсӣ, ба шумули вакилони дифоъ ва хабарнигорон ноодилона дар зиндон монданд. Мақомоти Тоҷикистон аз дигарандешони муқими хориҷ бо азияти хушунатбори хешовандони онҳо дар дохил ниқор гирифтанд.”

Маъракаи бозгардонидани мухолифони сиёсӣ

Манзури созмон аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва “Гуруҳи 24” аст, ки дар қаламрави кишвар ҳардуро созмони террористӣ ва ифротӣ эълон кардаанд. Дар ин сол ба гуфтаи созмон, мақомоти Тоҷикистон маъракаи бозгардонидани мухолифони сиёсӣ аз хориҷро васеътар карданд ва барои овардани онҳо ба Интерпол пулиси байналмилалӣ дархостҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ фиристоданд. Ба гуфтаи созмон, дар ин маърака ба Тоҷикистон хадамоти амниятии Туркия ва Русия ҳам кумак кардаанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, хешовандони дигарандешони тоҷик дар Олмону Фаронса ва Лаҳистон ба ин созмон гуфтаанд, ки маъмурони амниятӣ дар Тоҷикистон ба хонаи хешовандони онҳо мераванд ва фишор меоранд, то ки амалҳои наздикони худро маҳкум намоянд. Дар бораи ҷойи иқомат ва фаъолияти онҳо мепурсанд ва таҳдид мекунанд, ки агар хешовандонашон фаъолияти худро қатъ накунанд, онҳоро ба зиндон меандозанд.

Бастани вебсайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ

Муаллифони гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯянд, маҳдуд кардани озодии баён ба ҳадде расид, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барои интиқоди нарм ҳам саркӯб карданд.

Дар робита ба озодии баён Дидбони Ҳуқуқи Башар қатъи дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва вебсайтҳои хабарӣ дар Тоҷикистонро зикр карда ва гуфтааст, “ҳар вақте агар матолиби интиқодие дар бораи раиси ҷумҳур, хонаводаи ӯ, ё ҳукумат нашр шавад, дастрасӣ ба хадамоти телефонҳои мобил қатъ мешавад.”

Ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар, бо вуҷуди помоли ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бозигарони калидӣ дар арсаи байналмилалӣ, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо аз эъмоли ҳаргуна таҳрим ба зидди Тоҷикистон худдорӣ карданд, чун бо назардошти мавқеи геостратегии кишвар, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, намехоҳанд, ки Тоҷикистонро аз худ дур накунанд.