Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО СММ) дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мусоидат намудан ба рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиро тавассути грантҳои ҳиссавӣ бо ҷалби маблағҳои интиқолии муҳоҷирон барои сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва агробизнес оғоз намуд.

Дар доираи барнома аввалин маҷлиси Кумитаи назоратӣ, ки вазифааш баҳогузорӣ намудани дархостҳо барои бизнес ва тасвиби грантҳо, ки бо таври нақдӣ  тавассути кортҳои бонкӣ дастрас карда мешаванд, гузаронида шуд. Кумитаи назоратӣ аз намояндагони созмонҳои гуногуни давлатӣ ва байналмилалӣ ба монанди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия, Вазорати кишоварзӣ, Хадамоти муҳоҷират, Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳконии Тоҷикистон, Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ таъсис ёфтааст.

Барномаҳои грантҳои ҳиссавӣ дар тамоми ҷаҳон воситаву усули машҳур барои дастгирӣ намудани рушди сектори хусусӣ мебошанд. Онҳо барои баланд бардоштани рақобатпазирии ширкатҳои хурд ва миёна, пеш аз ҳама аз ҳисоби истифодаи хизматрасониҳо барои рушди тиҷорат равона карда шудаанд. Азбаски Тоҷикистон, яке аз бузургтарин манбаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар минтақа ба шумор меравад ва инчунин яке аз калонтарин қабулкунандагони маблағҳои интиқолӣ мебошад, чунин барномаҳо метавонанд нақши муҳимро дар рушд ва беҳтаргардонии иқтисоди маҳаллӣ ва чомеаҳо дар кишвар роли муҳимро мебозад.

Интиқоли маблағи муҳоҷирон, ки ба соҳаи кишоварзӣ равона карда шуда, метавонанд таъсири бузург ба рушди деҳот расонида, ба воситаи  мустаҳкам намудани амнияти озуқаворӣ ва беҳтар гардонидани ғизо, ташкили ҷойҳои корӣ ва рушди ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

“Ин қадами муҳим барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва сабаби рушди иқтисодӣ дар ҷомеаҳои деҳот мебошад. Грантҳои ҳиссавӣ барои ҳавасманд гардонидани сармоягузориҳои маҳаллӣ аз ҳисоби ҷалби маблағҳои интиқолии муҳоҷирон ва дастгирии рушди деҳот дар минтақаҳои деҳот равона карда шудаанд. Онҳо инчунин ба беҳтар намудани вазъи шуғли муҳоҷироне, ки аз муҳоҷират бармегарданд равона карда шудаанд,” - таъкид намуд Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.

 “Беҳтар намудани дастрасии ҷомеаҳо ба инфрасохторҳои истеҳсолӣ ва хизматрасониҳо истеҳсолоти устувори маҳсулотҳои кишоварзӣ ва даромади одилонаро (бозгашт ба инвеститсияҳои ҷудо кардашуда) таъмин мекунад. Бинобар ҳамин мо махсусан барои ҷалби ташкилотҳои  сатҳи маҳал, гурӯҳҳои фермерӣ ва пешниҳодкунандагони хизматрасониҳои хусусӣ барои иштирок дар амалигардонии бомуваффақи ташаббуси мазкур ҳавасманд ҳастем,” - гуфт Нурулло Махмадуллозода, ҷонишини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо кӯмаки техникии ФАО ва дастгирии молиявии Федератсияи Россия Ҳукумати Тоҷикистон амалигардонии лоиҳаи пилотиро таҳти унвони «Пешбурди рушди фарогирииқтисодӣ тавассути грантҳои ҳиссавӣ» дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оғоз намуд.

Ин лоиҳаи пилотӣ як қисми лоиҳаи ФАО “Рушди зарфият барои тақвият додани амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар кишварҳои интихобшудаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ” мебошад, ки бо мақсади ба роҳ алоқа байни соҳаҳои кишоварзӣ, ғизо ва ҳифзи иҷтимоӣ дар системаҳои миллии озуқаворӣ амалӣ мегардад. Лоиҳаи пилотӣ  аз модели монанди “Барномаи миллӣ оид ба ҷалби интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба иқтисоди Молдова”, ки бомуваффақ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Молдова аз соли 2010 амалӣ шуда истодааст, илҳом гирифта буд.

Лоиҳа барои сафарбар намудани маблағҳои интиқолӣ ва захираҳои  инсонӣ- муҳоҷирон, оилаҳои онҳо, муҳоҷироне, ки аз муҳоҷират бармегарданд ва ҷомеаҳо бо мақсади беҳтар намудани воситаҳои таъмини зиндагӣ равона карда шудааст ва ҳамин тавр ба кӯмакгирандагон имкон медиҳад, ки 50 фоизи маблағҳоро ба фаъолият, ки ба бизнеси хурд дар соҳаи кишоварзӣ ё агробизнес нигаронида шудаанд,  сармоягузорӣ кунанд ва барои ҷалби 50 фоизи иловагӣ аз маблаҳои лоиҳаи ФАО имкон дошта бошанд.

Иловатан ба дастгирии молиявӣ лоиҳаи пилотӣ барномаи рушди иқтидори кӯмакгирандагонро барои сайқал додани дониш ва малакаи рушди бизнеси хурд ва миёна дар соҳаи кишоварзӣ дар бар мегирад. ФАО  кӯмакгирандагонро  ҳам дар таҳия намудани дархостҳои инвеститсионӣ ва ҳам дар дастрас намудани машваратҳо ва баланд бардоштани иқтидори онҳо дар соҳаи истеҳсолоти маҳсулотҳои кишоварзӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯш барои сармоягузории устувор дастгирӣ мекунад.

 Барои иштирок дар лоиҳаи пилотӣ дархосткунандагон бояд муҳоҷир ё ин, ки муҳоҷирони аз муҳоҷират баргашта, занон бо масъулияти роҳбарии хонавода ва аз хешовандони дараҷаи якум интиқоли пулӣ мегиранд, ё ин ки муҳоҷирони барои қонунвайронкунии маъмурии хурд аз ҳудуди кишвари таъин берун кардашуда бошанд.

Ворид намудани муҳоҷироне, ки аз муҳоҷират баргаштаанд ва аз кишвари таъин берун карда шудаанд аҳамияти ҳаётан муҳим дорад, чунки муҳоҷирон бештар ба ватан бармегарданд ва реинтегратсияи устувори онҳо ба ҷомеа ташкил ва васеъ намудани имкониятҳои бо ҷои кор таъминкуниро талаб мекунад ва муҳоҷироне, ки бармегарданд метавонанд дар таҳвили ҳунару малакаҳо, ноу-хау ва технологияҳо мусоидат намоянд.

Марҳилаи аввали лоиҳаи пилотӣ хеле бомуваффақ буд. Қариб 250 дархост барои бизнеси хурду миёна  қабул гардидаст ва қаблан аз ҷониби коршиносони ФАО дар ҳамкории зич бо намояндагони ҳукумат ва ҷомеаҳои ноҳия таҳлил карда шуданд.

 Ҷамъулҷамъ, қариб 170 пешниҳодҳои сармоягузорӣ барои муҳокима намудан дар аввалин ҷамъомади Кумитаи назоратӣ интихоб шуданд. Кумитаи назоратӣ гузаронидани таҳлили минбаъда ва баҳодиҳии дархостҳоро дар асоси меъёрҳои тасдиқшуда  ва интихоб намудани беҳтарин 50-60 дархостро барои таҳияи минбаъдаи бизнес-нақшаҳои муфассал, аз ҷумла пешниҳод намудани бизнес-омӯзишҳо, ки барои кӯмакгирандагон  тасдиқ мешаванд, тавсия намуд.

Дар марҳилаи минбаъда, дар ҷамъомади Кумитаи назоратӣ грантҳо барои беҳтарин бизнес-нақшаҳо интихоб карда мешаванд. ФАО дар якҷоягӣ бо намояндагони ҳукумат ва ҷомеаҳо амалигардонии грантҳоро назорат мекунад ва   ҳисоботи ниҳоии техникиро бо тасвири дастовардҳо, мушкилиҳо ва тавсияҳо, ки он аз ҷониби Ҳҳукумат ҳангоми васеъ намудани грантҳои ҳиссавӣ ба назар гирифта мешавад, таҳия менамояд.