Бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои Иди модарону Наврӯз, моҳи марти имсол сокинони Тоҷикистон 15 рӯз истироҳат мекунанд.

Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд.

Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат ба рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар истироҳат эълон мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон расман аз 21 то 24 март таҷлил гардида, ин рӯзҳо (21, 22, 23 ва 24 март) истироҳат эълон шудааст.

Имсол рӯзҳои 23 ва 24 март ба рӯзҳои истироҳати шанбе ва якшанбеи ҳафта рост меоянд, аз ин рӯ, тоҷикистониён рӯзҳои 25 ва 26 март низ истироҳат мекунанд.

Ҳамин тариқ, бо назардошти рӯзҳои ид ва истироҳат имсол моҳи март шаҳрвандони Тоҷикистон 15 рӯз: 2,3, 8,9,10, 16,17, 21,22,23,24,25,26, 30 ва 31 моҳи оянда истироҳат мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.