Соли 2018 дар ҷумҳурӣ 82 ҳазору 556 ақди никоҳ баста шудааст ва аз ин шумора 11 ҳазору 13 адад ақди никоҳ бекор карда шудааст. Нисбат ба соли гузашта ҳолати бекор кардани ақди никоҳ 913 адад зиёд мебошад. Омори мазкур дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 13 феврал баргузор гардид, садо дод.

Сафаргул Бухориева, мудири шуъбаи ҳуқуқи Кумитаи мазкур гуфт, ки сабабҳои асосии пошхӯрии оилаҳо хушунати хонаводагӣ ва мушкили иқтисодӣ аст. Аммо солҳои охир мушоҳида мешавад, ки оилаҳо барои ба даст овардани шаҳрвандаии Русия низ аз ҳам ҷудо мешаванд.

“Яке аз сабабҳои зиёд шудани ҳолатҳои бекор кардани ақди никоҳ ба даст овардани шаҳрвандии Русия аст. Баъзе аз оилаҳо бо розигии тарафайн ақди никоҳи худро бекор мекунанд, то ки шаҳрвандии Русияро ба даст оранд”,-гуфт Сафаргул Бухориева.

Масъулини Кумитаи мазкур дар соли 2018 беш аз 100 оилаи дар садади пошхӯрӣ қарордоштаро ба созиш овардаанд. Кормандони Кумита бо ин оилаҳо ҳамкорӣ намуда, онҳоро зери назорат гирифтаанд.

Ба саволи “Азия-Плюс” дар мавриди тақдир ва теъдоди занҳои тоҷик, ки дар минтақаҳои ҷангзада қарор доранд, муовини аввали раиси Кумита Марҳабо Латифзода гуфт, ки “имрӯз дар маҳбасҳои Сурия ва Ироқ 43 нафар занҳои тоҷик қарор доранд. Тибқи қонунгузории ин давлатҳо занҳои тоҷикро барои иштирок дар низоҳо гунаҳкор карда, ба ҳукми абад маҳкум намудаанд. Аммо ҷониби Тоҷикистон талош дорад собит созад, ки на ҳамаи ин занҳо бо хоҳиши худ ба минтақаҳои ҷангзада сафар кардаанд. Қисме аз онҳо бо исрори шавҳарон ва пайвандон ба минтақаҳои ҷангзада сафар кардаанд, яъне онҳо фиреб хӯрдаанд. Аз ин сабаб, ҷониби Тоҷикистон кӯшиш карда истодааст, ки ҳукми онҳо сабук карда шавад”.

Ба иттилои Марҳабо Латифзода, ҳоло дар минтақаҳои ҷангзада 92 нафар кӯдаки тоҷик низ қарор доранд ва мақомоти Тоҷикистон барои ба ватан баргардонидани онҳо кӯшиш карда истодааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.