Назди Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гурӯҳи корие таъсис дода шудааст, ки ба омӯзиши масъалаи такрор шудани номи шаҳру ноҳияҳо дар кишвар машғул аст, хабар дод зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи мазкур Гавҳар Шарофзода.

“Номҳои такрории шаҳру навоҳӣ бо номҳои зебои марбут ба таъриху ҷуғрофия ва фарҳанги ин маҳалҳо иваз карда мешаванд”, - қайд кард ӯ, вале шумори саҳеҳи номҳои такрорёбандаи шаҳру ноҳияҳоро номбар накард.

Дар бораи табдили номи шаҳру ноҳияҳо дар Тоҷикистон ва такрори онҳо аз соли 2016 сухан меравад. Он замон мо ҳисоб карда будем, ки дар номи маҳаллаҳои аҳолинишин як номи Гулистон 38 маротиба такрор мешавад.

Ҳукуматдорон изҳор медоранд, ки табдили номи шаҳру навоҳӣ ҳадафҳои оливу наҷиб дорад: баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҳарчи бештари ҷавонону насли наврас ба арзишҳои таърихиву миллӣ. Дар бораи бо чӣ қадар хароҷот ноил гардидан ба ин ҳадафҳо мансабдорон чизе намегӯянд, лекин хароҷот на он қадр ҳам кам аст.


Ҳамин тариқ, тибқи ҳисобу китоби тақрибӣ, барои муҳри нав корхона - 150 сомонӣ, хизматгузории нотариус барои тасдиқи ҳуҷҷатҳои оинномавӣ - 100 сомонӣ, таҳия ва гузоштани лавҳаҳо бо ду забон - 300 сомонӣ ва таҳияву гузоштани нишон (ишора) дар роҳҳои автомобилгард - 400 сомонӣ пардохт мекунад. Бо назардошти ҳамаи сохторҳои амалкунанда дар ноҳияи номаш тағйирёфта ва ҷамъи  ҳамаи маблағҳои зикршуда 50,7 ҳазор сомонӣ хароҷот ҳосил мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.