Бо амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Сарвари давлат миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молия дастур додааст, ки аз фонди захиравии сарвари давлат ба дастгоҳи иҷроияи президент ҷиҳати баргузории ин озмун 310 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намояд.

Озмун дар якчанд марҳила дар сатҳи ҷамоат, шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳову ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Масъули баргузории озмун ҳукумати кишвар аст.

Комиссияи озмун аз намояндагони Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо, Дастгоҳи иҷроияи президент ва адибони ҷумҳурӣ иборат буда, онро ёвари президент оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода роҳбарӣ мекунад.

Иштирокчиёни озмун ба гунаи мисол бояд на камтар аз 100 ғазал, 120 рубоӣ, 100 мисраъ аз қасидаҳо, 200 мисраъ шеърҳо, 300 мисраъ аз достонҳо – асарҳои назми классикӣ ва муосири тоҷикро донанд.

Онҳо ҳамчунин бояд аз насри классикӣ ва муосири тоҷик, адабиёт барои кӯдакон, эҷодиёти классикони адабиёти ҷаҳонӣ низ огаҳӣ дошта бошанд.

Иштирокчиёни озмун бояд на камтар аз 50 достони кӯтоҳ (новелла), 20 роман, 30 повест (қисса, ҳикоя), 15 ёддошти шоирону нависандагон, 25 афсона ва на камтар аз 10 асари адибони хориҷиро хонда бошанд.

Дар Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…», ки дар сомонаи АМИТ “Ховар” нашр шудааст, гуфта мешавад, барои хондани беҳтарин осори манзум бо шарҳу тавзеҳи луғатҳояшон 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 1 ё 2 хол ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.

Барои шарҳи муфассалу баёни равшани осори насрӣ ва ҳунари баланди наққолӣ, инчунин тавзеҳи луғатҳо аз асарҳои мутолиашуда 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 1 ё 2 хол ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.

Ба ҳар як довталаб инчунин аз рўйи осори пешниҳодшудаи банди 21  10 савол дода мешавад ва барои ҷавоби дуруст ба ҳар як савол як холӣ мегузоранд. Ба ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.

Ғолибон дар номинатсияҳои гуногун интихоб мешаванд: беҳтарин донандаи адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти тоҷик барои кӯдакон, фолклор ва адабиёти ҷаҳон.

Ғолиб дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик – бо 35 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм дар ин номинатсия – бо 25 ҳазор сомонӣ ва зинаи сеюм низ – бо 25 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ мешавад.

Дар дигар номинатсияҳо барои ҷойи якум – 30 ҳазор сомонӣ, дуюм – 20 ҳазор сомонӣ ва сеюм – 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст.

Маблағи шоҳҷоизаи озмун 50 ҳазор сомониро ташкил дода, ба довталабе дода хоҳад шуд, ки аз миқдори чор номинатсия беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.