Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон баъзе амалҳои мансабдоронро дар маҳалҳо бобати маҷбур кардани толибилмон ба пешвози меҳмонон ғайриқонунӣ мешуморад.

Муовини аввали директори Агентии мазкур Гурез Қосимзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал дар ин робита изҳор намуд, ки масъалаи мазкурро танзим ва ҳаллу фасл мебояд кард.

Дар ҳамин ҳол ӯ ба посухи вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид ишора намуд, ки дар бораи ҷалби толибилмон ба чорабиниҳои давлатӣ танҳо тибқи мувофиқа бо мақомоти он изҳори назар карда, зикр кард, ки иштироки хонандагону донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо бояд барои онҳо боиси ифтихор бошад.

Гурез Қосимзода эътироф намуд, ки дар баъзе аз ин ҳолатҳо шояд зиёдаравиҳо ҷой дошта бошанд ва ин масъалаҳо бояд дар доираи қонун ҳаллу фасл шаванд.

Ғайр аз ин рӯзноманигорон ба масъалаи хароҷоти ихтиёрӣ-маҷбурии аҳолӣ барои омодагӣ ба ҷашнҳо, ободу кабудизоркунии қаламрав ва сохтмони иншооти гуногун таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

“Ман дар ин бора маълумот надорам. Дар робита ба пулҷамъкунӣ аз табибону омӯзгорон бошад, онҳо хизматчиёни давлатӣ набуда, аз ин рӯ, дар бораи ин ҳолатҳо огаҳӣ надорам. Шояд онҳо ихтиёрӣ пул ҷамъоварӣ мекунанд, лекин дар бораи маҷбурӣ аз хизматчиёни давлатӣ ҷамъоварӣ кардани пул мо маълумот надорем”, - афзуд ӯ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.