Бар асари резиши санг дар километри 362-юми роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, дар наздикии деҳаи Сангеви ноҳияи Дарвози ВМКБ субҳи имрӯз ҳаракати нақлиёт аз ноҳияи Шоҳини вилояти Хатлон то ноҳияи Дарвози ВМКБ боздошта шуд.

Барои тоза кардани роҳҳо нерӯҳо ва воситаҳои техникии хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, бахши хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҷалб карда шудаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолтаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар, то 16-уми феврал дар аксари роҳҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

Аз ҷумла, айни замон ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Лахш, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, ҳамчунин ағбаи Қизил-Арт душвор аст.

Шабонарӯзи гузашта дар километрҳои 52, 57, 59, 61 ва 72-юми роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ ҳодисаҳои тармафароӣ ба қайд гирифта шуда, дар ҳамин ҳол, роҳи пайвасткунандаи марказ бо вилояти Суғд шабонарӯзи дуюм аст, ки барои ҳаракати нақлиёт баста аст.

Барои таъмини бехатарии ронандагону мусофирон ва саривақт расонидани кумаки фаврӣ дар ҳоатҳои ғайримунтазира, қитъаҳои гуногуни роҳҳо зери назорати мунтазами гурӯҳҳои зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулода қарор доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.