Ба муносибати таҷлили Наврӯз 21 март дар майдони марказии пойтахти Тоҷикистон маротибаи аввал карнавали идона баргузор мегардад. Дар ин бора аз мақомоти шаҳрдорӣ иттилоъ доданд.

Дар ҳамаи боғҳои фарҳангӣ – фароғатии Душанбе ва ноҳияҳои он 21 март сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони пойтахт доир мешавад. Мақомоти шаҳрдорӣ барои онҳо барномаҳои консертӣ, намоишгоҳҳо ва ҳар гуна озмунҳо ташкил менамоянд. Дар карнавали мазкур иштироки ҳунармандон, масхарабозон, сарояндагон ва раққосон дар назар аст.

Чорабинии асосӣ бахшида ба Наврӯз 22 март дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт доир мегардад, ки дар он барномаи театрикунонидашудаи “Ганҷи Нарӯз” намоиш дода мешавад.

23 – 24 март дар “Наврӯзгоҳ” мусобиқоти гӯштӣ ва аспдавонӣ баргузор мегардад.

Ғолибони мусобиқот бо туҳфаҳои махсуси раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.

Оставайтесь с нами в TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK и Google Новостях.