Боздиди хонандагони синфҳои болоии мактабҳои пойтахт аз қисмҳои ҳарбӣ ба муносибати 23-солагии ташкилёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки 23 феврал таҷлил мегардад, ташкил карда мешавад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарореро имзо кард, ки тибқи он ба муносибати ин сана дар пойтахт як қатор чорабиниҳои идона баргузор карда мешаванд. Дар ин бора аз мақомоти шаҳрдорӣ иттилоъ доданд.

Хонандагони синфҳои болоии шаҳр ҳангоми боздид аз қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе бо шароити хизмат шинос гардида, бо аскарон суҳбатҳои озод доир менамоянд.

Бо қарори раиси шаҳр, инчунин, дар пойтахт фестивали “Суруди сарбоз”, вохӯрӣ бо собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, мусобиқоти варзишӣ ва озмунҳо даир карда мешаванд.

Оставайтесь с нами в TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK и Google Новостях.