ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.4384 сомонӣ;

1 евро – 10.6427 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1414 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

18 феврал

2007 — Дар вилояти Суғд фестивал-озмуни «Русская песня» баргузор шуд.

1201 – Зодрӯзи мутафаккири тоҷик Насриддин Тӯсӣ.

1929 — Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Авнер Аминов.

1945 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, профессор Сайдулло Абдуллоев.

1946 – Мавлуди меъмор Рустам Муқимов.

1948 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Гулсара Абдуллоева.

1961 – Мавлуди сароянда, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Хурсандмурод Зарифов.

1962 — Зодрӯзи журналист Мирзонабии Холиқзод.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +5+10.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -7-12, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -20-25, рӯзона -14-16.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона +1+6.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +13+15.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона +2+4.