Вохӯрии фаъолзанони шаҳри Душанбе – собиқадорони ҷангу меҳнат бо насли ҷавонзанони пойтахт ба ифтихори ҷашни Рӯзи модар 2 март дар бинои “Душанбе Плаза” доир мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита хабар дод, ба иштирокчиёни вохӯрии мазкур аз номи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешавад. Чорабинии асосии ҷашнии мақомоти шаҳрдорӣ ба ин муносибат дар толри Филамонияи давлатӣ баргузор мешавад.

Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти шаҳрдорӣ, Дастгоҳи иҷроияи президент ва адибону ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ занонро бо ҷашн табрику таҳният мегӯянд.

Ба ҳамаи иштирокчиёни ин ҷамъомад – наздики як ҳазор фаъолзанони шаҳри Душанбе - аз номи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар бораи таҷлил намудани “Рӯзи Модар” дар шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.