Дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон, ҳамчунин навоҳии тобеи марказ бодом шукуфт. Дар Тоҷикистон ин муғҷаи дарахтон аз ҳама барвақттар ба шукуфтан оғоз мекунанд, зеро гармиро бахубӣ эҳсос мекунанд.

Шукуфтани дарахтони бодом дар Тоҷикистон нимаи моҳи феврал дар Шаҳритӯс оғоз ва охири моҳи март дар минтақаи шимоли кишвар хотима меёбанд.

1/11

Бодом бутта ва ё дарахти на он қадар бузургбуда, қариб 40 навъаш маълум аст. Дар Осиё, Америкаи Шимолӣ ва Марказӣ, дар ҷануби Аврупо, Қафқоз, Осиёи Миёна паҳн шудааст. Дарахташ то 10м. Пеш аз барг баровардан гул мекунад. Гулаш дуҷинса. Мевааш донаки пӯстдор. То 130 сол умр мебинад. Шакли мевааш ба донаки зардолу монанд аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.