Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе аз 19 то 28 феврал амалиёти махсуси “Пиёдароҳ” (Тротуар) мегузаронад, ки дар рафти он ронандагони автомашинаҳояшон дар пиёдароҳҳо гузошташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мешаванд.

Бо ин мақсад гурӯҳҳои корие таъсис дода шудаанд, ки ба онҳо ба ҷуз кормандони милитсия, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорон низ шомиланд.

Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода имрӯз зимни брифинг бахшида ба оғози амалиёти зикршуда аз сокинони пойтахт даъват кард, ки дар кори ҷорӣ намудани тартибот дар роҳҳои шаҳр фаъолона ширкат варзанд.

Бино ба гуфтаи ӯ, охири ҳафтаи гузашта дар пойтахт амалиёти махсуси “Микроавтобус” гузаронида шуда, дар ҷараёни он бо кумаки аҳолӣ беш аз 200 ҳолатҳои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагони нақлиёти ҷамъиятии шаҳр ошкор шудааст.

Генерал-майор зикр кард, ки зимни баргузории амалиёти “Микроавтобус” давоми як ҳафта ронандагони нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе ба беш аз 1 ҳазор қоидавайронкуниҳо дар роҳ даст задаанд.

Қобили зикр аст, ки 745 нафар ронандагон барои худсарона баромадан аз хати сайр ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда, 311 нафар барои аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон ҷарима шудаанд.

Дар ҷараёни баргузории амлиёти “Микроавтобус” дар роҳҳои пойтахт ба сурати умум 3,2 ҳазор ҳолатҳои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.