АНОНС

- Россотрудничество дар Душанбе дар мавзӯи квотаҳои таҳсил дар мактабҳои олии Русия барои довталабони тоҷик нишасти матбуотӣ баргузор мекунад. Оғоз соати 11 дар Маркази илму фарҳанги Русия;

- Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон марҳилаи 1-уми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба армреслинг (дастхобонӣ) ва вазнбардорӣ байни варзишгарони имконияти ҷисмониашон маҳдуд гузаронида мешавад;

- Оғози мусобиқаи даври 2-юми минтақавии ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни занон миёни варзишгарони синни аз 16-сола боло бахшида ба ҷашни Рӯзи модар;

- Мусобиқаи марҳилаи минтақавии зимистонаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук ба муносибати ҷашни Наврӯз. Ҳамчунин даври минтақавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис байни варзишгарони синни 10-13 ва 14-17 сола, даври минтақавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба вазнбардорӣ ва гимнастикаи бадеӣ гузаронида мешавад;

- Оғози даври финалии мусобиқа барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ ва дигар лигаҳои поинтари футболи кишвар.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.4384 сомонӣ;

1 евро – 10.6446 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1426 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1959 – Ифтитоҳи Анҷумани IV-уми нависандагони Тоҷикистон. Раиси Раёсати Иттифоқи нависандагон Мирзо Турсунзода дар мавзӯи «Ҳаёт ва адабиёт» маърӯза кард.

2002 – Дар Брюссел санад оид ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба барномаи НАТО «Шарикӣ ба хотири сулҳ» ба имзо расид.

2006 — Оғози сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2».

1926 – Зодрӯзи коргардони кино Муқаддас Маҳмудов.

1929 – Мавлуди шоир Абдуҷалил Воситзода.

1929 – Зодрӯзи оҳангсоз Яхиэл Сабзанов.

1936 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Мухтор Муродов.

1936 – Зодрӯзи шоири русзабони Тоҷикистон Леонид Пашенко.

1940 – Мавлуди шоир Ғоиб Сафарзода.

1943 — Зодрӯзи олим Миродасен Худоиев.

1948 — Мавлуди доктори улуми филология Мирзо Муллоаҳмадов.

1950 – Зодрӯзи Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон.

1951 – Мавлуди Сайдамир Зуҳуров, собиқ сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати ҶТ.

1955 – Зодрӯзи оҳангсоз Қудратулло Ҳикматов.

1966 – Мавлуди Ниёзмуродов Саидмурод, собиқ раиси раёсати ҶСК «Агроинвестбонк».

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона 0+5; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +2+7.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят каме барф борида, дар шарқ аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -5-10, рӯзона -2+3; дар шарқ шабона -15-20, рӯзона -3-8.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +5+10; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона -2+3.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борону барф меборад.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борону барф меборад.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +1+3.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона борон меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +10+12.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +1+3.