Ҳар сол 21-уми март Рӯзи ҷаҳонии шеър таҷлил мегардад. Дар ин рӯз тоҷикон ҳамчунин Наврӯзро ҷашн мегиранд. Бахшида ба ин рӯз, бо Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Гулрухсор Сафиева мусоҳиба анҷом додем.

- Оё таҷлили Рӯзи ҷаҳонии шеър ҷойгоҳи шеър ва мақоми шоиронро боло мебарад?

- Рӯзи ҷаҳонии шеър эълон шудани 21 март – рӯзи барои мардумони ориёинажод, нишонаи арҷгузорӣ ба фарҳангу адабиёт ва тамаддуни мардуми тоҷик ва умуман форсизабонон аст. Фикр мекунам, ташаббускори ин иқдом шахси ошиқи шеър, махсусан шеъри тоҷикӣ – форсӣ - дарӣ будааст. Зеро:

Қадри зар заргар бидонад,

Қадри ҷавҳар ҷавҳарӣ!

Барои гавҳаршиносон шеър ва махсусан, шеъри форсии тоҷикӣ арзиши гарон дорад ва ҳеҷ гоҳ қимати худро гум нахоҳад кард. Ҷойгоҳи шеъри асил ҳамоно дар  мақоми хеш барҷост. Бо гузашти қарнҳо як байти Ҳофизи Шерозӣ баёнгари ҳолати сиёсии замон аст:

Сурат: аз саҳифаи Фейсбук

Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам,

Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам!

Магар ин байт баёнгари ҳоли кунунии сайёра нест?

Аммо имрӯз вазни шеър то андозае коҳида аст. Замоне мардум бо шеър гап мезад, ҳоло на танҳо бо шеър сухан намегӯянд, балки оид ба шеър ва мақоми он дар фарҳанги башар низ хавсалаи гуфтугӯ надоранд.

- Шеър ва Наврӯз чӣ пайванде доранд?

- Наврӯзро бе шеър тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аслан мо аз Наврӯз - ҷашни қадимаи фарҳангиву ирфонӣ қарздорем, зеро ин ҷашн бо суннатҳову ойинҳояш моро сохтааст. Шеъри аҷамро Наврӯз ба ин зебоиву баландӣ расондааст. Дар бораи ин ҷашни бузург он қадар шеърҳои зебо гуфта шудааст. Дар навбати худ, шеър ҳам барои бузургдошт ва зинда нигоҳ доштани Наврӯз нақши амиқ гузоштааст. Метавон гуфт, ки барои мо Наврӯз шеър аст, шеър Наврӯз.

Гулрухсор Сафиева бо Мирзо Турсунзода
Сурат: аз саҳифаи Фейсбук

- Агар хато накунам шеъри аввалини шумо ҳам ба баҳор бахшида шудааст.

- Маро баҳор шоир кард. Зебоӣ, афсона, эъҷози баҳор маро шоир кард. Дар ин фасл мурғакон, яхобҳо тарона мехонанд. Пас инсон магар метавонад беқарор набошад? Дуруст, шеъри аввалинам баҳор ном дошт, аммо мебоист лолаи  зард номаш медодам. Ҳамон лолаи зарде, ки аз байни чандин гулу гиёҳ ба чашмам афтоду маро мафтуни худ кард.

Чанде пеш дар боғи Аҳмади Дониш лолаи зардро дидам. Он баҳору он лолаи зард ба ёдам расид. Ман одамшинос нестам, гулшиносам. Лоларо дӯст медорам. Лолаҳои ин боғ зебост. Ҳар кас лолаи худ, ранги худашро тамошо мекард, ман лолаи зарди худро. Шояд шеъри то ҳол нагуфтаи ман ранги ҳамин лола бошад.

- Имрӯз нафарони зиёд шеър менависанд, ки на ҳамаашон шоиранду на ҳар навиштаашон шеър аст. Чаро ҳама шеър менависанд?

- Устод Мирзо Турсунзода замоне гуфта буданд, ки мо – тоҷикон ду навъ ҳастем: яке шеър менависад, дигарӣ мехонад.

Шояд барои он ба шеър таваҷҷуҳи зиёд дорем, ки дарду ҳасрати  миллати мо зиёд аст. Таърихи мо пур аз дард аст, суолу асрори мо бисёр аст. Ин ҳама дардро мо бо шеър баён мекунем.

Онҳое, ки бо номи шеър ҳазён  чоп мекунанд, дар ҳама давру замон ва дар ҳама ҷо буданду ҳастанд. Ба онҳо таваҷҷуҳ намекунам.

- Мегӯед, ки мо мардуми шеърдӯстдорем. Аммо чаро имрӯз таваҷҷуҳи ҷомеа ба шеър кам аст? Чаро ҷавонон шеърситез шудаанд?

- Руҳияи шеърситезӣ танҳо дар байни ҷавонон не, дар байни калонсолон низ мушоҳида мешавад. Ин тоифа аслан аз дунёи шеър бехабаранд ва як мисра шеър аз ёд намедонанд. Як сабаби шеърситезӣ ҳамин шоирони дурӯғин ҳам ҳастанд. Ин тоифа дар ҳама давру замон буданд ва онҳо шоири дарбор ё тамаъкор ном доранд ва зинҳор шоир нестанд, дар ҳеч давру замон мақому обрӯ надоштанд. Бигзор барои дафтари хотирааш, барои рӯзномаи девории мактабаш, барои набераву аберааш, барои маъшуқааш бинависад, аммо онро дар матбуот нашр кардан хуб нест. Ин беэҳтиромӣ ба шеъри бузурги мо аст. Зеро онҳое, ки аз шеъри асили мо бехабаранд, ба адабиётамон аз рӯйи ҳамин ҳазёнҳо баҳо медиҳанд.

Сурат: аз саҳифаи Фейсбук

Сабаби дигари шеърситезӣ бефарҳангӣ, нодонӣ, аз китоб дур шудан аст. Ҷомеаи мо мутаассифона ин гуна дардҳо дорад, ки рафъи он заҳмати зиёд мехоҳад.

- Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ нафарони зиёд шеъри эҷодкардаашонро мегузоранд. Ба қавле “шоирони фейсбукӣ” хеле зиёд шудаанд. Ин хуб аст?

- Агар шеъри хуб гуфта бошанд, бигзор гузоранд, аммо ман бовар дорам, ки ин падидаи муваққатӣ аст. Аз он ки хомӯш нишинанд, беҳтар аст, ки нависанд, эҷод кунанд, аммо хатогиашонро дарк кунанд, ислоҳ намоянд. Аммо шеъри бемаъно навишта, ба ҷаҳон пешниҳод кардан, беэҳтиромӣ ба бузургони мо аст.

Ҳазорҳо сол гузашт, аммо номи Рӯдакӣ, Ҳофиз зинда монд. Чун шеъри асил гуфта буданд. Вақт сараро аз пуч ҷудо мекунад.

- Аадабиётшиносон ба шеъри муосири мо назар карда, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Гулрухсор Сафиеваро сутунҳои аслии шеъри муосир меноманд. Ҳоло худро танҳо ҳис намекунед?

-  Воқеан, мо як насл ҳастем. Мо ҳамроҳ будем, дӯст будем. Устод Муъмин Қаноат аз муваффақиятҳои мо бисёр хурсанд мешуданд. Метавон гуфт, ки мактаби Муъмин Қаноат моро ба майдони шеър овард. Агар ин мактаб намебуд, на ман будам, на Лоиқ Шералӣ ва на Бозор Собир. Устод чандин сол раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буданд ва истеъдоди ҷавононро қадр мекарданд, шоиронро ба эҷоди шеъри асил талқин менамуданд, на барои таърифу тавсиф. Аз ин сабаб, муваффақ шуданд.

Албатта, набудани онҳо эҳсос мешавад. Аммо ман худамро дар он ҳолат танҳо эҳсос мекунам, ки руҳи онҳо дар паҳлӯи миллат набошад.

- Шеъри замони истиқлол дар кадом поя қарор дорад?

- Шеъри даврони истиқлол ҳанӯз поягузорӣ нашудааст. Ин кори як рӯзу дурӯз нест. Рӯдакӣ муддати 40 сол дар дарбори Сомониён заҳмат кашида, мактаби шеъри форсӣ - тоҷикиро бунёд гузошт.

Дар арафаи Наврӯз ва 20-солагии Фарҳангистони шеъри ҷаҳон мехоҳем китоберо чоп кунем бо номи “Шоири як шеър”. Дар ин китоб аз ҳар шоири ҷавон як шеър ҷой додем. Шеърро шоирони ҷавон худ интихоб намуданд. Мехостем фаҳмем, ки насли ҷавон то кадом андоза шеърро мефаҳманд ва баҳо дода метавонанд.

Барои ман хушҳолкунанда аст, ки ҳоло шоирони ҷавони хуб дорем.

- Шумо дар ҷаҳони шеъри форсӣ маҳбубияти зиёд доред. Нигоҳи форсизабонон ба шеъри муосири тоҷик чӣ гуна аст?

- Онҳо аз шеъри муосири мо камтар огоҳанд. Дар пешгуфтори китобе як мунақидди эронӣ гуфтааст, ки шеъри имрӯзи тоҷик роҳи ҳазорсолаи Рӯдакиро тай мекунад. Ман гуфтам, ки мо бо устод Рӯдакӣ ҳамқадам будем, ӯ қадам бардошт мо қадам бардоштем. Мо роҳи Рӯдакиро давом медиҳем.

Бо хати бегона шеъри нави рӯдакиёна офаридан, кори осон нест, балки ҷоизаи арзанда мехоҳад.

Мо аз шеъри Эрони кунунӣ бештар хабар дорем, аммо онҳо бо сабабҳои маълум аз адабиёти навини мо камтар огаҳӣ доранд, ки фикр мекунам ислоҳшаванда аст. Дар доираҳои адабиву фарҳангии Эрон ба осору ашъори мо - тоҷикон меҳру эҳтироми хоса доранд. Чандин бор шабҳои шеъри маро доир намуданд. Моро мешиносанд, дар китобҳои дарсиашон ҳастем.

- Ба мардуми кишвар чӣ таманниёт доред?

- Ба тамоми азизон шоиронатарин ҷашни сайёра - Наврӯзи хуҷастафолро табрик мегӯям. Орзу дорам, ки боз ба Наврӯзи дигар бирасем.

Сурат: аз саҳифаи Фейсбук

Наврӯз бо рақсу бозӣ ва шодиву фараҳ хуш аст, аммо дар баробари ин, оғози соли нав ва барномарезиҳо барои соли оянда низ мебошад. Аз ин сабаб, чанд нуктаро мехоҳам зикр намоям.

Бисёр мехостам, ки ба корҳои берун аз дарс ҷалб кардани мактабачагон ва донишҷӯёнро аз байн барем. Маблағҳоеро, ки барои бо шукуҳ таҷлил намудани ҷашнҳо сарф менамоем, хуб мебуд сарфа карда, адабиёти омӯзандаи таърихӣ, илмӣ ва бадеӣ чоп кунем. Аз ҷумла, чопи куллиёти устод Айниро пурра ба охир расонем. Дар ҳар хонаи тоҷик бояд “Ёддоштҳо”-и Устод Айнӣ ҳамчун оинаи худбинии роҳи тайкардаи миллат нигоҳ дошта шавад. Фикр мекунам манфиати ин бештар аст.

Таҷлили ҷашнҳоро бигзор ба ихтиёри аҳли рустову маҳаллаҳо гузорем, чун онҳо аз ин кор хеле хуб огоҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.