Дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд аксияи “Яхдони некӯкор”, ки ба сокинони камбизоати шаҳр баҳри дастрасӣ ба маҳсулоти зарурии хӯрокворӣ имкон медиҳад, торафт писандидаву ҷонибдорони зиёд пайдо мекунад.

Аксия мазкур аз ҷониби Маркази ҷавонон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳамагӣ ду-се моҳ пеш роҳандозӣ шуда, аллакай на камтар аз 500 нафар аз кумаки он истифода кардаанд, ки аксарияташон нафақахӯрон мебошанд.

“То имрӯз ҳамагӣ 20 адад чунин яхдонҳо дар шаҳр гузошта шуда, то охири сол шумори онҳоро ба 100 адад расониданием. Дар ин аксия як чизи муҳимаш он аст, ки дар ин ҷо натанҳо метавон комилан бепул маҳсулоти ғизойӣ пайдо намуд, балки агар шахс имкон дошта бошад, метавонад ба онҳо маҳсулоти зарурии хӯрокворӣ гузорад”, - мегӯяд Баҳром Алимов, яке аз дастандаркорони аксия.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.