Ба наздикӣ дар Осиёи Марказӣ лоиҳае роҳандозӣ мешавад, ки ҳар як сокини боистеъдоди Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон метавонад дар он иштирок ва бо маҳорати худ соҳиби 8 ҳазор доллар мукофотпулӣ гардад.

Ғолиби озмуни кишварҳо ба даври финалии шоу роҳхат гирифта, ҳаҷми мукофотпулӣ дар ин давр 26 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Ба шоуи телевизионии Central Asia’s Got Talent аллакай ду нафар сокинони боистеъдоду қобилиятноки кишвари мо – Қадами Қурбон ва Манижа Тошболтаева таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.

Мо пурсидем, ки чӣ гуна онҳо ҳайати ҳакамони лоиҳаро ба ҳайрат оварданианд. Дар навори видеои навбатии мо аз ин огаҳӣ меёбед.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.