Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) бозори мардикорон амал мекунад, ки дар он натанҳо мардон, балки занон низ баҳри таъмини рӯзгори оила ба кор мебароянду омодаанд, ки барои музди ночизе иҷрои ҳама гуна корро ба уҳда гиранд.

Онҳо ба ҷамъоварии пахта, хишова ва ҷамъоварии ҳосил дар полизу заминҳои кишт, тозаву ба тартиб овардани ҳавлӣ ва хонаҳо, зарфшӯӣ ва дигар корҳои гуногун машғул шуда, кӯшиш мекунанд, ки аз бозор ба хонаҳояшон бо дасти холӣ барнагарданд. Пули коркардаи онҳо давоми рӯз то ба 30 сомонӣ мерасад.

Занони бозор мегӯянд, мақомоти маҳаллӣ ҷамъшавии онҳоро дар ин макон тавсия надода, ваъда кардаанд, ки ҷойҳои кории нав ва қонунӣ барояшон пешниҳод мекунанд.

“Даҳҳо маротиба ба мо гуфтанд, ки корхонаҳои нав кушода, ҷойҳои кории нав таъсис медиҳанд, вале ин танҳо сухани холӣ асту халос. Мо дигар ба касе бовар надорем, ризқамонро худамон меёбем”, - мегӯянд онҳо.

Дар Раёсати шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Бохтар ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки аксари занони машғули кор дар ин бозор ҳатто маълумоти миёна надоранд.

“Занон ба кори пешниҳодкардаи Вазорати меҳнат, аз ҷумла фаррошӣ дар корхонаву муассисаҳои давлатӣ бо маоши 500 сомонӣ дар як моҳ розӣ намешаванд”, - изҳор дошт мутахассиси ин раёсат Зиёдулло Маҷидзода.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.