Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ бо раиси шаҳри Сумгаити Ҷумҳурии Озарбойҷон Зокир Фараҷов дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Данғараи Тоҷикистон ва Сумгаити Озарбойҷонро муҳокима намуданд.

Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз сафир аз корхонаҳои саноатии Сумгаит боздид намуда, бо  мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноат бо роҳбарони он ширкатҳо мулоқот намуд.

Қобили зикр аст, ки Данғара нахустин ноҳия дар Тоҷикистон шуда метавонад, ки бо шаҳри хориҷӣ бародаршаҳр мешавад, маъмулан байни шаҳрҳо ин гуна муносибатҳо роҳандозӣ мешаванд.

Айни замон Душанбе бо 17 шаҳри ҷаҳон - Лусака (Замбия), Сано (Яман), Монастир (Тунис), Лоҳур (Покистон), Клагенфурт (Австрия), Боулдер (ИМА), Ройтлинген (Олмон), ҳамчунин Мазори-Шариф (Афғонистон), Теҳрон (Эрон), Шероз (Эрон), Санкт-Петербург (Россия), Минск (Беларус), Урумчи (Чин), Анқара (Туркия), Сямэн (Чин), Ашқобод (Туркманистон) ва Чиндао (Чин) муносибати бародаршаҳрӣ дорад.

Шаҳрҳои Чимкент (Қазоқистон), Оқстафа (Озарбойҷон),  Линколн (ИМА),  Оренбург (Россия) ва Самарқанд (Ӯзбекистон) бародаршаҳри Хуҷанд мебошанд.

Шаҳри Кӯлоб бо Ҳамадон (Эрон) ва Қуния (Туркия) бародаршаҳр аст. Марказҳои маъмурии вилояти Хатлону ВМКБ – шаҳрҳои Бохтару Хоруғ то ҳол бо ҳеҷ кадоме аз шаҳрҳои дунё муносибатҳои бародаршаҳрӣ роҳандозӣ накардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.