Бо боло бурдани нархи интернет мо мардумро муқобили ҳукумат мегузорем, чунки аксарият аз мавҷуд будани мақомоте чун Хадамаоти зиддиинҳисорӣ огаҳӣ надоранд, изҳор дошт имрӯз, 19 апрел Саидҷаъфар Усмонзода, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон зимни пахши мустақими барнома дар “Радиои Тоҷикистон”.

Дар барномаи пахши мустақими радио имрӯз масъалаи болоравии нархҳо ба интернети мобилӣ ва дигар хизматрасониҳои мобилӣ баррасӣ шуд. Дар суҳбат Раҷабалӣ Маҳсиддинов, намояндаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Исмоилзода Хуршед, муовини раиси Кумитаи андоз, Саидҷаъфар Усмонзода, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Шаҳло Акобирова, раиси Шӯро оид ба ВАО ҳузур доштанд.

Тавре дар барнома қайд шуд, сарфи назар аз ирсоли даъват, намояндаи Хадамоти алоқа ба барнома ҳозир нашуд.

“То имрӯз ягон нерӯи мухолиф ё дигар қувваҳо аҳолиро аз ҳукумат норозӣ карда натавонистанд. Шаҳрвандони синни аз 5 то 80-сола аз интернет истифода мебаранд ва аксарият муқобили болоравии нарханд. Оянда мо маъракаи интихоботи президентӣ ва парлумонӣ дорем. Пеш аз интихобот набояд чунин рафтор кунем, ки дар натиҷа 7-8 млн. нафар шаҳрвандон норозӣ бошанд”, - иброз дошт ӯ.

Усмонзода қайд кард, ки бешубҳа пур шудани буҷети кишварро низ мебояд ба инобат гирифт, лекин барои ин сарчашмаҳои дигарро дарёфт кардан лозим аст.

“Кишвари мо демократист. Муддати 25 сол ман паёмҳои президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гӯш карда, лекин дар ҳеҷ кадоме аз онҳо гуфта нашудааст, ки зиндагии марлумро душвор кунем. Баръакс дар бораи ҳарчи сабуктар кардани рӯзгори мардум ва ба тартиб овардани кори сохторҳои давлатӣ сухан меравад”, - қайд кард вакили парлумон.

Ба ақидаи ӯ, маълумотро мебояд санҷид, лекин на ба нафъи Хадамоти алоқа. Ӯ ҳамчунин дар бораи дар асл пушти ин болоравӣ кӣ истодан савол гузошт.

“Кӣ ба мушкилӣ дучор аст? Кумитаи андоз, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ё Хадамоти алоқа? Кӣ ин ташаббусро касбиву нозукбинона роҳандозӣ намуд? Фикр намекунам, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо қаноатмандӣ ин қарорро қабул карда бошад. Онҳо бар асоси маълумот ва таҳлили сохторҳои дигар чунин тасмим гирифтанд”, - гуфт вакил.

Усмонзода бар ин назар аст, ки нархҳои нав барои алоқа ба сатҳи даромади аҳолии кишвар созгор набуда, сифати хизматрасонӣ низ ба ин нарх мутобиқ нест.

“Ин қарор ба тағйиру ислоҳ ниёз дорад. Ин нархҳо ба ҳеҷ гунае ба даромади сокинони кишвар мувофиқ нестанд. Сифат ва суръати интернет низ ба ин нархҳо ҷавобгӯ нест. Интернетро арзон кардан лозим аст”, - мутмаин аст вакил.

Саидҷаъфар Усмонзода ҳамчунин хабар дод, ки масъалаи мазкур дар парлумон баррасӣ шуда, пешниҳоди вакилон ба ҳукумат ирсол шудааст.

“Фикр мекунам, ки ҳукумат масъаларо омӯхта, ҳатман назари шаҳрвандонро ба инобат мегирад. Мо шоҳиди он будем, ки ба боло бурдани нархи симкортҳо талош шуда буд, лекин ҳукумат ин навгониро бекор кард”, - хотиррасон намуд Усмонзода.

Намояндаи Кумитаи андоз иқдоми болоравии нархҳоро дар ин самт дастгирӣ намуда, дар пахши мустақими барномаи радио доир ба камшавии даромадҳо ба буҷети ҷумҳурӣ маълумот дод.

Намояндаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ низ аз қарори ниҳодаш пуштибонӣ намуда, шарҳ доданӣ шуд, ки то ин замон интернет гаронтар буд.

Шаҳло Акобирова, раиси Шӯро оид ба ВАО, дар бораи таъсири болоравии нархҳо ба фаъолияти васоити ахбори умум ва озодии баён изҳори назар кард.

Дар барномаи пахши мустақими радио ҳамчунин фикру андешаҳои мутахассисон ва шаҳрвандон доир ба ин масъала пешниҳод шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.