Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Низомномаи ҳавасмандкунӣ ва мукофотҳои раиси шаҳри Душанберо тасдиқ намуд.

Бо қарори раиси пойтахт муқаррароту номгӯй, унвонҳои фахрӣ ва мукофтпулиҳое, ки минбаъд аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе ба сокинони ҷудогонаи пойтахт ва шаҳрвандони дигар кишварҳо дод шуда метавонанд, тасдиқ шуд.

Унвони “Сокини фахрии пойтахти Тоҷикистон” ба шаҳрвандони Тоҷикистон ё кишварҳои хориҷӣ барои хизмати шоиста ва саҳми арзанда дар рушди шаҳри Душанбе, аз ҷумла таъмини сулҳу ризоият тақдим карда мешавад.

Ғайр аз ин, раиси шаҳри Душанбе ба гирандагони ин унвон мошин, манзил ва дигар туҳфаҳои арзишманд ҳадя карда метавонад.

Сокинони беҳтарини пойтахт ҳамчунин бо ифтихорномаҳо, медал ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ мешаванд.

Суратҳои чунин шахсон дар Лавҳаи ифтиҳорӣ гузошта мешаванд, ки он дар маркази шаҳр сохта мешавад.

Ёдрас мекунем, ки бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон палатаи поёнии палумон моҳи феврал тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи мақоми пойтахт” қабул намуд, ки мувофиқи он, раиси шаҳр ба тақдими унвони “Сокини фахрии пойтахти Тоҷикистон” ба шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо кард.

Бар асоси тағйироту иловаҳои қабулшуда раиси пойтахт ҳамчунин метавонад мукофотпулиҳои ҳамасоларо дар соҳаҳои фарҳангу адабиёт, бахши иҷтимоӣ, иқтисоду саноат ва маорифу тандурустӣ муқаррар намояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.