Рӯзҳои 20-24-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Бухарести Руминия Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавии «INFOMATRIX 2019» баргузор гардид, ки дар он аз 46 давлати дунё 1016 хонанда иштирок намуда, 595 лоиҳа пешниҳод карда шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, аз Тоҷикистон дар олимпиадаи мазкур 28 нафар хонанда иштирок карда, дар ҷамъбасти олимпиада сазовори 22 медал, аз ҷумла 4 медали тилло, 6 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ гардиданд.
“Хонандагони литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби 10 медал, мактаби байналмилалии Президентӣ соҳиби 6 медал, муассисаи хусусии таълимии ба номи «Абдураҳмони Ҷомӣ» соҳиби 4 медал ва мактаби байналмилалии Душанбе соҳиби 2 медал гардиданд”, - омадааст дар хабари Вазорат.
Гуфта мешавад, иштирокчиёни олимпиадаро масъулин дар якҷоягӣ бо намояндагони васоити ахбори омма дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ботантана истиқбол намуданд.
Ёдрас мешавад, ки аввали соли 2019 хонандагони кишвар дар 10 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Беларус, Тайланд, Россия, Малайзия ва Руминия баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 131 медал, аз ҷумла 32 медали тилло, 23 медали нуқра ва 76 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53 медал (11 медали тилло ва 42 медали биринҷӣ) зиёд мебошад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста