Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ширкати “Барқи тоҷик” ба корҳои омодагӣ ҷиҳати амалисозии Лоиҳаи бо барқ таъмин намудани деҳоти вилояти Хатлон ва ВМКБ оғоз карданд.

Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Реҷаи коҳиши хатарҳои МАР-2018 сурат мегирад, хабар медиҳад Вазорати энергетика.

Интизорӣ меравад, ки 105 деҳоти вилояти Хатлон ва ВМКБ ба низоми мутамаркази таъминот бо нерӯи барқ пайваст карда мешаванд.

Дар лоиҳа бунёди иншооти зерсохтори зарурӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, нерӯгоҳҳои истеҳсоли барқ аз нури офтоб ва вазиши шамол пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки наздики 2,5%-и аҳолии Тоҷикистон ба шабакаҳои барқ дастрасӣ надоранд. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, шумори умумии аҳолии кишвар, ки то ҳол ба нерӯи барқ дастрасӣ надоранд, 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар Вазорат зикр мекунанд, ки асосан аҳолии маҳаллаҳои аҳолинишине, ки бо назардошти афзоиши босуръати шумори аҳолӣ ба тозагӣ бунёд шудаанд, бо нерӯи барқ таъмин нестанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.