Бар асари лағжиши кӯҳпораву сангфароӣ ва боридани барф, роҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан баста шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти филиали ширкати IRS.

Бино ба иттилои манбаъ, роҳ аз шоми дирӯз баста буда, субҳ кушодани он пешбинӣ шуда буд, лекин ин кор сурат нагирифт.

“Бо қарори муштараки БДА ВКД роҳ аз шоми дирӯз баста буд. Дар қаламрави водии Зарафшон, бахусус назди нақби “Истиқлол” барфу борони зиёд борида истодааст. Ҳамчунин ҳодисаҳои селфароӣ ва лағжиши кӯҳпораву сангфароӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин рӯ, роҳ баста боқӣ мемонад”, - хабар дод котиби матбуотии ширкати IRS Далер Мерганов.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар қитъаҳои хатарноку эҳтимоли рух додани офатҳои табиӣ техникаи роҳнигоҳдорӣ барои тоза кардани роҳ ва кумак ба автомашинаҳои дармонда кор мекунанд.

1/11

“Дар фурсатҳои наздик ҳаракати воситаҳои нақлиёт барқарор мешавад, лекин бар асари идомаи боришоти беист хавфи селфароиву сангреза вуҷуд дорад. Роҳро ба хотири таъмини бехатарии ронандагону мусофирон баста, умедворем, ки қарори қабулкардаи моро дар ин маврид дуруст мефаҳманд”, - қайд кард Мерганов.

Давоми шабонарӯзи сипаригашта дар қитъаҳои гуногуни ин роҳ ҳодисаҳои селфароӣ ва лағжиши кӯҳпораву сангреза ба қайд гирифта шуд.

Тавре қаблан хабар дода будем, мусофири 40-солаи автомашинаи тамғаи Toyota Prado, ки ба Хуҷанд мерафт, шабонарӯзи гузашта дар километри 155-уми ин роҳ бар асари сангфароӣ ҳалок шуд.

Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, ҳавои номусоид дар қаламрави мамлакат то охири моҳи апрел боқӣ мемонад. Пайваставу пуршиддат боридани борон метавонад ба лағзиши тарма, омадани сел ва резиши санг сабаб шавад. Ҳавои номусоид метавонад ба чаронидани чорво дар даштҳо ва чарогоҳҳои кӯҳӣ мушкил эҷод кунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинони мамлакат ва меҳмонон хоҳиш  мекунад дар ин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд ва чораҳои бехатариро риоя намоянд, аз сафар ба кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳангоми рафтан ба манотиқи кӯҳӣ талош кунед бо худ телефони мобилӣ дошта бошед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.