Иҷрои парвоз бо хатсайри Душанбе-Хоруғ ва бозпас аз он ҷо айни замон ғайриимкон аст, зеро ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” бинобар сабаби мушкилоти молиявӣ фаъолият надорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Азиз Набизода.

Бино ба гуфтаи ӯ, дигар ширкати ҳавопаймоии ватанӣ – “Сомон Эйр” ҳавопамйоҳои муносиб барои парвоз ба Хоруғро надорад.

Ӯ таъкид намуд, ки дар маҳалли кӯҳистони Бадахшон танҳо авиатсияи хурд парвозҳоро анҷом дода метавонад, ширкати “Сомон Эйр” бошад, айни замон танҳо шаш ҳавопаймои “Боинг” дорад.

Набизода қайд кард, ки ҳавопаймои навъи АН-28-и ширкати “Тоҷик Эйр” барои иҷрои чунин парвозҳо иҷозаи дахлдор дошта, лекин бо сабаби мушкилоти молиявӣ аз оғози сол ширкат фаъолияташро боздоштааст.

Зимнан таъкид шуд, ки андешидани тадбирҳо оид ба беҳбуди вазъи молиявии ширкати ҳавопаймоии давлатӣ ҳам аз ҷониби худи ширкат ва ҳам мақомоти авиатсионии ҷумҳурӣ идома доранд.

“Бо дарёфти воситаҳо, фаъолияти ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” тадриҷан барқарор карда мешавад”, - илова намуд ӯ.

Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” фаъолияташро аз оғози сол боздошта, парвоз тариқи ҳамаи хатсайрҳоро қатъ ва кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристод.

Охири моҳи январи соли равон Дилшод Исматуллозода директори генералии ширкати ҳавопаймоӣ таъин шуд.

Дар ин вазифа ӯ Хайрулло Раҳимовро иваз намуд, ки нисбати собиқ роҳбари ширкат аввали моҳи апрел ба гумони даст доштан дар суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ, азхудкунии воситаҳои пулии ширкат ва изофанависӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.