Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ се нуқтаи тақсими бепули маҳсулоти хӯрокворӣ барои қишри камбизоати аҳолӣ боз шуд, хабар медиҳад нашрияи ноҳиявии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон "Нигоҳи халқ”.

“Нуқтаҳо назди бозори марказии ноҳия, маркази савдои “Панҷшер”-и шаҳраки Бӯстон ва маркази савдои “Ансор” дар ҷамоати Оббурдон ифтитоҳ гардиданд”, - иттилоъ медиҳад нашрия.

Ин иқдоми хайрия аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ, Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ва соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ шудааст.

Дар ин нуқтаҳо эҳтиёҷмандон метавонанд ба миқдори муайян орду шакар ва равғани растанӣ дастрас намоянд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ.

“Сокинон мувофиқи имкон метавонанд ба ин қуттиҳо маҳсулоти ғизойӣ, аз ҷумла нону равған, шакару биринҷ ва ғайра гузошта, ниёзмандон маҳсулоти заруриро аз онҳо дастрас кунанд. Ин нуқтаҳо ба ҳеҷ гунае назорат намешаванд”, - қайд мекунад нашрия.

Сурат: Газетаи "Нигоҳи халқ"

Дар ҳукумати ноҳия иттилоъ додаанд, ки ояндаи наздик дар дигар маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия низ чунин нуқтаҳо боз шуда метавонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.