Дар Тоҷикистон аз соли 2002 рӯзи 12 май ҳамчун “Рӯзи Шашмақом”ҷашн гирифта мешавад. Ин жанри мусиқӣ таърихи беш аз ҳазорсола дошта, тӯли ин муддат ба сифати як анъанаи мукаммал ташаккул ёфтааст.

“Шашмақом”, маҷмӯи мукаммали оҳангу таронаҳои силсилавии шифоҳии мусиқии ҳирфии халқи тоҷик аст,ки дар низоми ягонаи шаклбандӣ ва зарбу лаҳн мураттаб гардидаанд. Силсилаи мақомҳо, ки то замони мо бо номи “Шашмақом”омада расидаанд, таърихи зиёда аз ҳазорсола доранд.

”Шашмақом”мероси  мусиқии мардуми тоҷик буда,аз мақомҳои “Бузрук”, ”Рост”, ”Наво”, ”Дугоҳ”, ”Сегоҳ”, ”Ироқ”иборат аст. ЮНЕСКО дар соли 2000 мелодӣ, шашмақомро дар феҳристи кӯҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва ҳамчунин сармояҳои ғайримодӣ ба сабт расонд. Шашмақом гоҳо ба ҳайси мусиқии ҳол ва «Қуръон»-и мусиқӣ низ ёд мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.