Набераҳои сокини 100-солаи деҳаи Рӯмони вилояти Суғд Мирзошариф Ғафуров тасмим гирифтаанд, ки ба бобои худ туҳфаи ғайриоддӣ ҳадя кунанд - онҳо дафтарчаи хотираи ӯро нашр карданианд, ки ҳанӯз аз соли 1941 навиштани он шурӯъ шудааст.

“Солҳои охир падарам хеле фаромӯшхотир шудаанд ва барои ба ёд овардани лаҳзаҳои ҳаёти худ ҳар рӯз дафтарчаи хотираи худро варақ мезананд, ки мушоҳидаи ин ҳолат хеле таъсирбахш аст”, - мегӯяд писараш Мирзоҳошим Шарифов.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, насли ҷавони хонавода тасмим гирифтаанд, ки дафтари хотираи боборо, ки барояш хеле азизу гиромӣ аст, ба нашр расонанд. Онҳо чунин мешуморанд, ки ба ин васила хеле зиёдтар одамон аз ҳаёти мушкилу пурпечутоби бобояшон огаҳӣ пайдо мекунанд.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.