Дар вилояти Қазоқистони Шарқӣ барф борид, хабар медиҳад Yk-news.kz. Субҳи рӯзи 15 май дар шаҳри Уст-Каменогорск ҳаво 1 дараҷа гарм ва барф меборид.

Рӯзи 15 май дар вилояти Қазоқистони Шарқӣ обуҳавошиносон тундбод, боридани жола ва пурзӯр шудани суръати вазидани шамолро то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ мекунанд.

Ин ҳафта дар Тоҷикистон боридани борон дар назар буда, тибқи маълумоти обуҳавошиносон, то охири ҳафта, аз ҷумла дар Душанбе обуҳавои ноустувор ва боридани борону раъду барқ пешбинӣ мешавад. Ҳарорат то +25 дараҷа каме поин меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.