Ба муносибати ҷашни Рӯзи шашмақом дар Душанбе консерти хурд баргузор шуд.

Назди сокинону меҳмонони Душанбе гурӯҳи шашмақомсароён ҳунарнамоӣ карданд. Дар навбати худ мо тасмим гирфтем, ки камераҳои гаджетҳои нав - Huawei P30, Huawei P30 lite ва Huawei P30 Pro-ро бисанҷем.

Субҳ дар хиёбони Рӯдакӣ дар маркази Душанбе созу навои шашмақом танинандоз гардид. Сокинону меҳмонони Душанбе ҳар як ҳунарнамоиро бо кафкӯбиҳо истиқбол мегирифтанд.

Бисёре аз ҳозирин, бахусус ҷавонон саҳнаҳои ҳунарнамоии мусиқачиёнро дар телфонашон наворбардорӣ мекарданд. Мо ҳам фурсати қулайро аз даст надода, камераҳои гаджетҳои нави Huawei P30 Pro, Huawei P30 ва Huawei P30 lite-ро дар амал санҷидем. Суратҳо хеле хуб ҳосил шуданд.

Худатон баҳо диҳед.


 


 


 


 


 


 


 


 

Дар Тоҷикистон аз соли 2002 рӯзи 12 май ҳамчун “Рӯзи Шашмақом”ҷашн гирифта мешавад. “Шашмақом”, маҷмӯи мукаммали оҳангу таронаҳои силсилавии шифоҳии мусиқии ҳирфии халқи тоҷик аст,ки дар низоми ягонаи шаклбандӣ ва зарбу лаҳн мураттаб гардидаанд. Силсилаи мақомҳо, ки то замони мо бо номи “Шашмақом”омада расидаанд, таърихи зиёда аз ҳазорсола доранд.

”Шашмақом”мероси  мусиқии мардуми тоҷик буда, аз мақомҳои “Бузрук”, ”Рост”, ”Наво”, ”Дугоҳ”, ”Сегоҳ”, ”Ироқ”иборат аст. ЮНЕСКО дар соли 2000 мелодӣ, шашмақомро дар феҳристи кӯҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва ҳамчунин сармояҳои ғайримодӣ ба сабт расонд. Шашмақом гоҳо ба ҳайси мусиқии ҳол ва «Қуръон»-и мусиқӣ низ ёд мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.