Имрӯзҳо симои шаҳри Душанберо биноҳои навсохт дигаргун карда истодаанд. Биноҳои навбунёд хеле фарроху зебо сохта шудаанд, ки аз биноҳои солҳои пеш куллан фарқ мекунанд. Онҳо дар баробари хонаҳои баланду барҳаво доштан, инчунин лифтҳои замонавию роҳравҳои калон, майдончаҳои варзишию боғчаҳои кӯдакона доранд.

Дар ҳар қабати биноҳои баландошёна аз 6 то 8 хона ҷойгир буда, ҳамзамон ҳавлии назди хонаҳо низ барҳавост. Аммо ба назар мерасад, ки ин ҳавлии фароху кушодро ҳамсоягон ба таври гуногун қабул кардаанд. Якумӣ ба ҷойи анбору касе чун ошхона истифода намуда, барои дигаре майдончаи бозии кӯдакон шудааст, ки метавонад ба сокини дар ҳамон қабат иқоматдошта мушкил эҷод кунад. Вале барои ин тоифаи мардум чунин амалҳо одат шудаанд.

Ин ҷо аз нигоҳи худ 8 амалеро номбар мекунем, ки истиқоматкунандагони ин биноҳо бо содир карданашон ҳамсояҳоро нороҳат ва хашмгин мекунанд.

1. Дар ҳавлии назди хонаҳо (квартира) истиқоматкунандагон балонҳои гази худро мегузоранд, ки хеле хатарнок аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки барои истифода намудани онҳо сокинонро ҷарима интизор аст. 

2. Ҳар вақти муносиб дар балонҳои газӣ равған ширин мекунанд ва баъзан муррабою хӯрок  низ мепазанд, ки ин ҳам аз рӯи одоби шаҳрнишинӣ нест.

3. Одати дигаре, ки ҳатто бархе онро дастгирӣ низ мекунанд, хушк кардани либосҳост, ки хеле нороҳаткунанда аст, вақте меҳмоне ба манзилат меояд.  Бархе бар ин назаранд, ки имрӯз дар пешайвон (балкон) хушк кардани либос бо қарори шаҳрдорӣ манъ шуда, мардум маҷбуранд, ки либоси худро дар даромадгоҳ овезон кунад. Аммо фикр мекунам,  ҳамон долонҳои махсус дар хонаҳо барои хушк намудани либос пешбинӣ шудааст.

4. Қуттии партовро паси дарҳои худ мегузоранд. Ва он тӯли чанд рӯз ҳамон ҷо меистад. Ҳатто баъзе партови худро дар селофанҳо мегузоранд, ки бо диданашон табъи кас хира мегардад. Сабаб он аст, ки дар бархе аз биноҳои баландошиёнаи навсохт қубури партов мавҷуд нест.

1/2

5. Мушкили дигар. Дар биноҳое, ки қубури партов доранд, гирду атрофашон хеле ифлос аст, чун партовро кӯдакон бештари вақт ба қубур сарозер мекунанд, ки қисми зиёди он рӯи замин мерезад. Вале қоида аст, ки вақте ба қубур партовро мепартоем, ҳатман аввал онро ба селофан бояд андохт ва даҳонашро баст, то ки то ба поин расидан зиёдтар чош нахӯрад. 

6. Мушкиле, ки баъзе сокинонро водор намудааст ва мехоҳанд, ки аз қубури партов даст бикашанд ва мисли дигарон партовро бурда дар қуттиҳои махсус гузоранд. Яъне, аз дуруст истифода набурдани қубур, ки баъзан ашёҳои ҳаҷмашон калон дар қабати дигари он дармемонанд, тамоми биноро бӯйи бад фаро мегирад ва сокинон то берун овардани он маҷбуранд, ки ба он сабр кунанд.

7. Биноҳои навсохт хусусияте доранд, ки агар ҳамсоя дар хонааш баланд суҳбат кунад, садояш ба хубӣ дар хонаи ҳамсояи дигар шунида мешавад. Гарчанде дар биноҳои кӯҳна низ садои баланд шунида шавад, аммо на мисли ин биноҳо. Ва сокинони биноҳои навсохт шояд хабар надошта бошанд, ки аз девори хонаи онҳо ба хонаи ҳамсоя овоз баланд шунида мешавад ва аз ҳамаи сирру асрори онҳо ҳамсояҳо огаҳ шуда метавонанд.

8. Одати дигаре, ки ҳама аз он огаҳанд, ин аст, ки модарон баъзан фарзандонашонро беназорат мегузоранд ва кӯдакон дар қабати бинои ошёнаи хонаашон бозӣ мекунанд. Барои модарон бехатар аст, ки дар назди дари хона кӯдакон бозӣ мекунанд, аммо бархе ҳамсояҳо кор мекунанду дар хона баъди кор истироҳат кардан мехоҳанд. Ин ҳолат барои онҳо начандон хуш аст.

Зимни иқомат дар биноҳои навсохт, ки барои зистан беҳтарин шароитро доро мебошанд, моро мебояд аз баъзе амалҳои одаткардаамон даст кашем, то ки ба дигарон халал нарасонем.

Манзумаи ФИРӮЗ