Нафақахӯри 70-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ Абдулазиз Раҷабов нисфи ҷаҳонро пиёда тай намуд, ки масофаи он беш аз 40 ҳазор километрро ташкил медиҳад.

Ӯ ҳанӯз аз хурдӣ сайру саёҳати даври ҷаҳонро орзу дошта, лекин ҳамагӣ 15 сол пеш ба амалисозии он шурӯъ намуд. Дар ин муддат Абдуазиз Раҷабов пиёда аз даҳҳо кишвари Аврупо ва Осиё боздид намуда, се маротиба пиёда макони муқаддаси исломро зиёрат кард ва бо ин сабаб ӯро Ҳоҷӣ-пиёда низ ном мебаранд.

Чанде қабл Ҳоҷӣ-пиёда боз ба сафари навбатӣ баромад. Аз ба куҷо сафар доштани ӯ ин дафъа аз навори видеои мо огоҳ мешавед.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.