Имрӯз зодрӯзи шоири маъруфи тоҷик устод Муъмин Қаноат аст. Агар устод дар қайди ҳаёт мебуданд, имрӯз 87-сола мешуданд. Ба хотири ёдбуди шоир маводеро бароятон манзур мекунем.
Дар як маводи сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон қайд мешавад, ки Муъмин Қаноат устоди шоирони муосири тоҷик буда, дар достонсароӣ баъди устод Турсунзода касе ба пояи ӯ нарасидааст.
Гуфта мешавад, бахусус достонҳои қаҳрамонии ӯ аз ҳикоёти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва достонҳои таърихиаш мондагортарин асарҳо дар адабиёти тоҷиканд. Дар ҳамаи жанрҳои адабӣ шеър гуфтааст, вале дар достонсароӣ беш аз дигарон муваффақ будааст.
Муъмин Қаноат 20-уми майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ў баъди хатми мактаби миёна ба факултаи филология Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад ва онро соли 1956 ба итмом мерасонад. Сипас фаъолияташро дар маҷаллаи «Садои Шарқ»оғоз мекунад.
Маҷмӯаи нахустини ашъори ў бо номи «Шарора» (соли 1960) ва дуюмаш «Ситораҳои замин» (соли 1963) ба табъ мерасанд ва сипас китобҳои дигари ў пайи ҳам рўйи чоп меоянд.
Минбаъд ў ба жанри достон рў меоварад ва достонҳои «Мавҷҳои Днепр», «Достони оташ», «Суруши Сталинград», «Тоҷикистонисми манн»,» Гаҳвари Сино», «Падар», «Ситораи Исмат» «Ҳамосаи дод» ва «Масъуднома» маҳсули эҷоди ин адиби суханпардоз аст.
Соли 1977 Муъмин Қаноат барои достонҳои «Сурўши Сталинград» ва «Тоҷикистон исми ман» сазовори Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шўравӣ мегардад ва соли 1980 барои достони «Гаҳвораи Сино» ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ноил мегардад.
Достонҳои ў саршори андешаҳои фалсафӣ буда, дар онҳо рўҳи баланди ватандўстӣ, инсонпарварӣ дўстии байни миллатҳо ситоиш ёфтаанд. Намунаи осор ва китобҳои алоҳидаи ў борҳо ба забонҳои русӣ, украинӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, ўзбекӣ, тоторӣ, чехӣ, булғорӣ ва дигар забонҳои олам тарҷума ва чоп шудааст ва ў низ асарҳои суханварони бузурги дунё, аз ҷумла Пушкин, Шекспир, Митскевич, Маяковский, Марссинкяевичус ва дигаронро ба тоҷикӣ баргардон кардаааст .
Дар баробари фаъолияти эҷодӣ ў боз дар вазифаҳои масъул кор карда, барои рушди илму фарҳанги тоҷик саҳми босазо гузоштааст.
Соли 1968 ў муовини аввали раис ва аз 1976 то 1991 котиби якуми Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Пажўҳишгоҳи осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистонро сарварӣ кард.
Тайи солҳои 1996-2000 ў муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон солҳои 2001-2011 муовини раиси Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Абўабдулло Рўдакӣ буд.
Ў узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, чандин маротиба вакили мардумӣ дар Шўрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст. Барои рушди адабиёт ў бо ордену медалҳо, ифтихорномаҳо қадр карда шудааст ва соли 1991 вай ба унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон ноил мегардад.
Мӯъмин Қаноат, шоири маъруфи тоҷик 18-уми майи соли 2018 дар синни 86-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста