Дар шаҳри Душанбе имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Австрия дар Тоҷикистон боз мешаванд.

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Австрия дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як силсила чорабиниҳо доир мегарданд. Бо намоиши филми ҳунарии австриягии “Муҳоҷират” бо навиштаҷоти зер бо забони русӣ дар кинотеатри “Зебуннисо” имрӯз ба ин чорабиниҳо ҳусни оғоз бахшида мешавад.

Рӯзи 23 май дар толори асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон маросими ифтитоҳи намоишгоҳи асарҳои рассоми маъруфи Австрия Густав Климт барпо мегардад.

Силсилаи чорабиниҳо ба ин муносибат бо консерти мусиқии классикӣ рӯзи 24 май дар толори Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон хотима меёбад.

Рӯзҳои фарҳанги Австрия дар Тоҷикистон бо ибтикори сафоратхонаи Австрия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Нур-Султон, Қазоқистон) дар ҳамдастӣ бо Вазорати маорифу илм ва таҳқиқоти Австрия ва Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.