Вазорати савдои ИМА ширкати Huawei-и Чинро ба “рӯйхати сиёҳ” ворид намуда, ният дорад, ки ба ин ширкат аз 19 август анҷоми муомилотро бо ширкатҳои амрикоӣ бе иҷозаи Вашингтон манъ кунад.

Тавре Медуза бо истинод ба сарчашмаҳои Reuters ва The Verge хабар медиҳад, дар робита ба қарори Вазорати савдои ИМА, Google низ ҳамкориро бо ширкати истеҳсоли смартфонҳои Huawei қатъ менамояд.

Ин чӣ маъно дорад?

Медуза иттилоъ медиҳад, ки бар асари қатъи муносибатҳо байни Google  ва Huawei, дорандагони смартфонҳои мавҷудаи ин ширкат аз дастрасӣ ба навгониҳои низоми амалиёти Android аз Google маҳрум шуда, ҳамчунин дар дастгоҳҳои нави ширкат замимаҳои нав бо шумули Google Play Store, Gmail, YouTube ва Chrome вуҷуд нахоҳанд дошт, зеро барои насби онҳо бо таҳиягарони ин замимаҳо имзои созишномаи тиҷоратӣ зарур аст.  

«Huawei метавонад танҳо версияи барои ҳамагон дастраси Android-ро истифода кунад, лекин ба замима ва сервисҳои патентдори Google дастрасӣ нахоҳад дошт”, - хабар додааст манбаи Reuters.

Huawei: «Телефонҳоро дар реҷаи муқаррарӣ истифода бурдан мумкин аст»

Ба дархости “Азия-Плюс” дар мавриди ин масъала аз намояндагии ширкати Huawei дар Тоҷикистон чунин посух доданд: 

«Ба дастгоҳҳо (телефону смартфонҳо)-е, ки дар дасти одамонанду ба фурӯш гузошта шудаанд, ин вазъ ба ҳеҷ гунае таъсир намерасонад. Онҳоро бо реҷаи маъмулӣ истифода бурдан мумкин аст».

Ҳамин тариқ, кори сервисҳое чун Google Play ва Google Play Protect алҳол идома меёбад. Муштариён минбаъд низ замимаҳои навро берун оварда (скачать), дар дастгоҳҳояшон насб карда метавонанд. Ҳамчунин замимаҳои мавҷударо низ тариқи Google Play навсозӣ кардан мумкин аст.

Ақида

Бино ба маълумоти РБК, таҳлилгари Mobile Research Group Элдар Муртазин доир ба вазъ баъди 19 август гуфтааст, барои дорандагони таҷҳизоти Huawei ин маънои онро хоҳад дошт, ки онҳо барои смартфонҳои худ навгониҳо ва дигар воситаҳои бехатариро гирифта наметавонанд.

“Наметавон гуфт, ки ин анҷоми кор аст. Гап сари корбарони нав меравад. Касоне, ки дар муддати се моҳи оянда смартфон мехаранд, дастгоҳу воситаҳоро навсозӣ карда метавонанд. Барои боқимонда бошад, фаъолсозии гаджети нав аллакай ғайриимкон мешавад”, - иброз доштааст ӯ.

Роҳи ҳалли мушкилро барои Huawei Муртазин чунин шарҳ додааст, ки ширкат бояд низоми амалиёт (операционная система)-и худашро ба бозор барорад.

Роҳи ҳалли мушкилот

Ҳанӯз моҳи март Huawei изҳор дошта буд, ки барои омодагӣ ба ҳолати қатъи ҳамкорӣ бо Google ва Microsoft (компютерҳои Huawei дар Windows кор мекунанд), ширкат низоми амалиёти худашро таҳия намудааст. Лекин агар Google аллакай дар бораи мавқеи худ изҳори назар карда бошад, пас Microsoft алҳол хомӯш аст.

Жэн Чжэнфэй, муассиси Huawei дар мавриди ин масъала изҳор доштааст, ки ин кор ба даромадҳои ширкат начандон таъсири назаррас расонида, ба рушди соҳа низ зиён нахоҳад овард.

Жэн Чжэнфэй, муассиси Huawei
Сурат: Huawei

“Мо аллакай омодаем. Аз ҳама муҳимаш барои мо ба таври бояду шояд анҷом додани кори худ аст. Коре, ки ҳукумати ИМА мекунад, мо назорат карда наметавонем”, - гуфтааст муассиси ширкат.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.