Масъалаи гум шудани кӯдакон яке аз ҳассостарин мушкилиҳо ва яке аз пурсарусадотарин мавзӯҳои ҷомеаи кунунӣ аст. Чун солҳои охир гум шудани кӯдакон дар кишвар афзуда, ташвишу ҳароси волидон аз ин хусус ба мушоҳида мерасад. Ва ин хатар ҳамарӯза кӯдаконро таҳдид мекунад.

Зебуннисо Ҷумъахонзода, полковники милитсия, муовини Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ба “Азия-Плюс” гуфт, дар чор моҳи соли 2019 дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба 119 нафар ноболиғон парвандаи ҷустуҷӯ оғоз гардида, то имрӯз ҳамаи кӯдакони бенишоншуда пайдо ва ба хонаводаашон супорида шудаанд.

Ба гуфтаи Зебунниссо Ҷумъахонзода, синну соли ин ноболиғон аз 15 то 18-соларо дар бар мегирад.

- Асосан ноболиғони гумшуда 15-16 сол доштанд. Танҳо 2 нафаре, ки синну соли онҳо 5-6 сола буд, тасодуфан роҳи хонаи худро гум карда буданд ё дасти модарро дар роҳ раҳо карда, раҳгум зада буданд. Дигар аз афроди пайдошуда яке ба хонаводаи хешовандонашон рафтааст, дигаре аз хонавода қаҳр карда, аз худ хабар надодааст. Дар тӯли чор моҳ ҳолате ба қайд гирифта нашудааст, ки кӯдаки гумгашта пайдо нагардида бошад.

Соҳибназарон дар гум шудани кӯдакон аслан калонсолонро гунаҳгор меҳисобанд ва андеша доранд, ки аз беаҳамиятии онҳо кӯдакон роҳи хонаи худро гум мекунанд ва баъдан аз дигар хиёбонҳо пайдо мешаванд ё тамоман бенишон мегарданд. Баъди бедарак шудани кӯдакон аз он ҳарф мезананд, ки ӯро нафарони ношинос бо мошини сиёҳшиша каноре бурданд. Пас имрӯз хиёбонҳо пур аз автомашинаҳои сиёҳшиша ва кӯдакон аст. Яъне ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки ҳар кӯдак ё навраси тоҷик метавонад қурбони амали кӯдакрабоӣ гардад.

Тавре мушоҳида мегардад, имрӯз бештар волидайн фарзандони худро дар кӯча беназорат гузошта, нисбат ба онҳо беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Мо ҳамарӯза шоҳиди беназорат будани кӯдакон мегардем. Ҳамчунин ҳангоми дар кӯча бозӣ намудани хурдсолон таъкиду насиҳат мекунанд, ки “бо нафари бегона ҳамсӯҳбат нашаванд, агар ношиносе барои нишастан ба мошинаш даъват кунад, гурезанд...” ва мисоли инҳо. Вале барои он тоифаи одамоне, ки ба рабудани хурдсолон даст мезананд, ин як василаи хеле хуби “шикор” аст. Чун онҳо бе ягон душворӣ кӯдак ё наврасро ба худ ром мекунанд.

Ҳамсӯҳбатамон Саидаро низ гум шудани кӯдакон нигарон кардааст ва кӯшиш мекунад фарзандашро бе назорат нагузорад. Ба андешаи ӯ,  бештари маврид модароне, ки ба хурдсолон беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд, хонашин буда, барои он ки дар рафти анҷом додани кори хона фарзандон ба онҳо халал нарасонанд, аз дар берунашон мекунанд ва онҳо соатҳо дар кӯча машғули бозианд. Саида аз он нақл мекунад, ки вақте фарзандашро ба боғча мебурд, зане ӯро аз долони манзилаш садо кард. Ҳамсӯҳбатамон гуфт, вақте мақсади занро фаҳмид дар ҳолати шок қарор гирифт.

- Зан бо овози баланд маро садо кард. Ва аз ман пурсид, ки ба боғча меравам? - Бале, гуфтам. Ӯ бе ягон тарсу ҳарос хоҳиш кард, ки фарзанди хурдсолашро, ки 4 ё 5-сола аст ҳамроҳ ба боғча барам. Ман ҳайрон шудам. Зан гапашро давом дод: “ – Эээ, апа, ҳамин ки аз дарвозаи боғча дарояд, ӯ роҳша дигар медонад”, - илова кард Саида.

Бубинед, зани тоҷик то куҷо сода ё бепарвост, ки роҳнамоии фарзанди худро ба як нафари бегона бовар мекунад. Аз он намеандешад, ки шояд баъдан ҷигарбандаш бенишон шавад. Дар он ҳолат киро гунаҳкор мекарда бошад? Зани ношиносро, ки фарзандашро то дари боғча ҳамроҳӣ мекард? Ё рафтори худро? Инчунин, баъди ба милитсия муроҷиат намудан агар кӯдаки онҳо дер пайдо гардад, ҳатман аз он шиква мекунад, ки аз дасти кормандони мақомот ҳеҷ коре намеояд. Гарчанде таъмини амнияти ҳар шаҳрванд вазифаи милитсия аст, аммо дар ин ҳолат волидон гунаҳгоранду халос.

Хонум Муҳаббат, равоншиноси тоҷик низ аз рафтори модарон нигаронӣ карда, изҳор намуд, ки метавонад даҳҳо мисолҳо аз ҳаёт биоварад, ки модарон ба кӯдакон беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Ӯ гуфт, модарон худ дар хона нишаста, фарзандашонро ба кӯча танҳо барои бозӣ мефиристанд, ки ҷойи нигаронӣ аст.

 - Модарон бояд донанд, ки  вақте кӯдак ба дунё овардем, то синни 18 солагӣ бояд аз пайи назорати ӯ бошем, то даме, ки роҳи худро пайдо накунанд. Оилаҳое, ки бомаърифат ҳастанд, ба фарзандон ҳамеша таъкид мекунанд, ки бо ношиносе сӯҳбат накунад ё ҳамроҳаш наравад ва онҳо зуд қабул мекунанд. Аммо  оилаҳои дигар низ бояд ҳатман ба фарзандонашон инро фаҳмонанд. Вақте ҳар рӯз такрор ба такрор мегӯем, ба психикаи кӯдак ҷо мегирад - мегӯяд равоншинос Муҳаббат Эмомоназарова.

Зулфия Нуралиева, танзимгари барномаи хадамоти ҷустуҷӯи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки барои ҷустуҷӯи оилаҳое, ки наздиконашонро гум кардаанд, кӯмак мерасонанд, дар суҳбат гуфт, ки кӯдакон дар тамоми дунё рабуда мешаванд ва барои мақсадҳои нопоки худ онҳоро барои тиҷорат ё барои фурӯши узвҳои бадан истифода мебаранд. Ба гуфтаи бону Зулфия, ба кӯдакдуздӣ одамони носолим ва бо мақсадҳои нопок даст мезананд.

Вале мавсуф мегӯяд то имрӯз оилае аз бенишон гардидани фарзанди хурдсол ба онҳо муроҷиат накардааст. Ва асосан оилаҳое ба онҳо муроҷиат кардаанд, ки фарзандонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ бедарак шудаанд ва маълум мешавад, ки баъзе дар маҳбас қарор доранду бархеи дигар бо сабаби моҷароҳои оилавӣ аз худ дарак намедиҳанд.

Дуруст аст, ки аз беаҳамиятии волидон ин падидаи номатлуб дар ҷомеа зиёд шудааст ва баъди муддате фарзандонашон пайдо мегарданд, ки ё ба оворагардӣ машғуланд, ё аз хона фирор намудаанд. Аммо имрӯз кафолат дода намешавад, ки вақте хурдсол ё наврасе танҳо ба кӯча барояд, дубора ба манзилаш бармегардад. Имрӯз дар нопадид гардидани кӯдакон бештар волидонро гунаҳгор мекунанд, вале он афроде, ки даст ба ҷиноят мезанад барои худ роҳҳои махсуси ҷалби кӯдаконро доранд. Сарусадоҳои ваҳмангез ва мухталифе низ вирди забонҳо аз қасди рабудани кӯдакон зиёд ба гӯш мерасад.

Яке аз онҳо ҳодисаи ваҳмангезе, ки соли 2013 ҳамаро ба ҳайрату ваҳм афканд, аз наздикии маркази тиҷоратии “Садбарг” бедарак шудани Малика ва Сабина Араловҳост, ки фарзандони ду бародар буданд ва то имрӯз аз онҳо маълумоте нест.

Баъди як сол (2014) аз ҳамин минтақа духтараке бо номи Осия Диловарова (дар ҳуҷҷат Сабоҳат Диловарова) бедарак шуд, хоҳарон Араловҳо дар ошёнаи якуми бино ва Осия дар ошиёнаи 8 зиндагӣ мекарданд. Баъди чанд моҳи ҷустуҷӯ ҷасади Осияи фавтида аз наҳри ноҳияи Ҳисор пайдо гардид, аммо қотилу ӯ пайдо нагардид. Кӣ Осияи хурдсолро рабудаву ба қатл расонидааст, то ҳол маълум нест. 

Ҳумчунин соли 2016 низ қасди рабудани кӯдаки дигаре дар ҳамин бино сар зада буд, ки бемувафаққият анҷом ёфт. Дар ин амал Матлуба Ахмедова ва Раҳмоналӣ Ғиёсов дастгир шуда, ба муддати аз 9 то 8,5 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Бояд гуфт, ки соли 2018 дар саросари ҷумҳурӣ 235 нафар кӯдак бенишон шудаанд, ки ҳамаи онҳо пайдо гардидаанд. 

Мувофиқи иттилои Маркази байналмилалии ҷустуҷӯи кӯдакони гумшуда ва истисморшуда (ICMEC), ҳар сол дар ҷаҳон 8 миллион ноболиғон бенишон мешаванд, ки дар ҳар давлат аз 10 то 25 %- и гумшудагон бо сабабҳои гуногун пайдо намешаванд.

Ёдрас бояд шуд, ки рӯзи 25 май дар ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи байналмилалии бенишон шудани кӯдакон” қайд мегардад, ки ин санаро соли 1979 президенти онвақтаи Амрико Эвиан Пейтс барои бенишон шудани хонандаи 6 солаи мактаб, ки чор сол кофтукоби ӯ бенатиҷа буд, тасдиқ намудааст.